Кафедраи хизматрасонии бонки: фаъолияти илми-тадкикоти - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ХИЗМАТРАСОННИ БОНКИ
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ

   Мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедраи хизматрасонии бонкӣ дар доираи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 «Инкишофи низоми бонкӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ дар соҳаи саноат»  ба ҳисоб меравад, ки ҳамаи устодони кафедра дар атрофи ин мавзӯъ корҳои илмӣ – тадқиқотии худро ба роҳ мондаанд.

   Айни замон устодони кафедра доир ба масъалаҳои таҳлили бозори хизматрасониҳои бонкӣ, баландбардории самаранокии сармоягузориҳо, бозоргирии бонкӣ, муаммоҳои устувории низоми бонкӣ, механизмҳои батанзимдарории давлатӣ ва назорати давлатӣ аз болои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ кори илмӣ бурда истодаанд.

   Кафедраи хизматрасонии бонкӣ баҳри иҷроиши “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат” ҳамасола ҳатман як конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва ду мизи муддавар баргузор намуда, натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодонро дар шакли мавод аз чоп мебарорад.

   Натиҷаҳои тадқиқоти илмии устодони кафедра дар дигар конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуда, дар шакли мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ва монографияҳои илмӣ нашр мегарданд. Чунончи, соли гузашта аз рӯи натиҷаҳои тадқиқоти дотсентон  Раҳимов О.Н. ва Сафоев А.К. монографияи илмӣ таҳти унвони “Инновационно-инвестиционная стратегия Республики Таджикистан в условиях глобализации” аз чоп баромад.

   Кафедра дар доираи ҳамкориҳои судманд ва мубодилаи таҷрибаи корҳои илми тадқиқоти  бо дигар макотиби олии  ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз қабили Донишгоҳи милли Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ муносибатҳои хуби кориашро ба роҳ мондааст.