Кафедраи хизматрасонии бонки: ихтисосхои кафедра - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ХИЗМАТРАСОННИ БОНКИ
Ихтисосҳои кафедра

  Кафедраи хизматрасонии бонкӣ мутахассисони маълумоти олидорро барои ташкилотҳои қарзӣ аз рўи ихтисоси 1-25010402 -«Кори бонкӣ» дар ду зинаи таҳсилоти олӣ  - бакалавр ва магистр омода менамояд.

  Низоми бонкӣ ҷузъи асосии иқтисодиёти муосир ба ҳисоб меравад, чунки фаъолияти бонкҳо ба таври мустақим бо иқтисодиёт вобаста мебошад. Ҳамзамон, ин низом раванди мунтазам ва суръатбахшии рушди иқтисодиро таъмин менамояд, ки он боиси афзоиши боигарии ҷомеа мегардад. Аз ин лиҳоз, ба касби бонкдорӣ ё мутахассисони соҳаи бонкӣ, ки фаъолияти мунтазами низоми бонкиро таъмин менамоянд, ҳамеша талабот ҳаст.

  Хатмкунандагони ихтисоси кори бонкӣ метавонанд, ки дар бонкҳои тиҷоратию давлатӣ, ташкилотҳои хурди қарзӣ ва молиявӣ, ташкилотҳои хурди  амонатию депозитӣ фаъолият намоянд, аз он ҷумла ба ҳайси мутахассиси идораҳои амалиёти қарзӣ, идораи амалиёти асъорӣ, идораи амалиёт бо коғазҳои қиматнок, идораи банақшагирии бонкҳо.

   Дар  баробари соҳаи бонкдорӣ кадрҳои ҷавоне, ки мо тайёр мекунем, вобаста ба ихтисосашон метавонанд, дар корхонаҳои ташкилотҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ҳамчун иқтисодчӣ кор кунанд.

   Бояд қайд кард, ки аксари ҳайати кормандони ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро асосан хатмкунандагони кафедраи хизматрасонии бонкӣ ташкил мекунанд.

   Раванди таҳсил дар магистратура ба тавври қулай ба магистрантҳо ба роҳ монда шудааст, яъне дарсҳо асосан рўзҳои ҷумъа ва шанбе гузаронда мешаванд.

   Маблағи шартномаи таҳсили магистри ихтисоси “Кори бонкӣ” дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 3100 сомониро ташкил медиҳад.