Кафедраи хизматрасонии бонки: корхои илми-методи - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ХИЗМАТРАСОННИ БОНКИ
Корҳои илмӣ-тадқиқотии донишчуён

   Кафедраи хизматрасонии бонкӣ, ҳамчун яке аз кафедраҳои пешбари Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар самти таъмини раванди дурусти таълиму тарбия саҳми фаъол дошта, дар ҳамешагӣ бобати ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан талош меварзад. Донишҷӯёни ихтисоси “Кори бонкӣ” дар ҷодаи корҳои илмӣ тадқиқотӣ худро фаъол нишон дода, доимо дар чорабиниҳои донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.

   Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Бонкдори ҷавон»  фаъолият менамояд, ки аз 20 аъзои доимии донишҷӯёни ихтисоси “Кори бонкӣ” ва донишҷӯёни фаъоли дигар ихтисосҳои донишкадаро ба ҳам ҷамъ намудааст. Дар кафедра гӯшаи «Бонкдори ҷавон»ташкил карда шудааст.         Ҷаласаи маҳфили илмии донишҷӯён дар рӯзҳои панҷшанбеи охири ҳар моҳ гузаронда мешавад. Аъзои маҳфил донишҷӯёни лаёқатманд буда доир ба мавзӯҳои мубрами рӯз маърӯзаҳо мекунанд.

   Фаъолони маҳфили мазкур ҳамасола дар озмунҳоии фаннӣ аз фанни “Фаъолияти бонкӣ”, конфронсҳои илмӣ-назариявии донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

   Инчунин, донишҷӯёни маҳфил дар чорабиниҳои ҳафтаи кафедраихизматрасонии бонкӣ дар китобхонаи илмии ДСХ иштироки фаъол доранд.

   Хатмкунандагони зинаи бакалавр ва магистр дар доираи рисолаи тахассусии хатм корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд. Хусусан, магистрантҳо аз рӯи натиҷаҳои тадқиқотии худ дар конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳо (на кам аз 2 мақола) баромад менамоянд.