Факултети технологияҳои информатсионӣ: корхои тарбияви - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ
Корҳои тарбиявӣ

Дар факултет корҳои тарбиявӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва ғоявӣ сиёсӣ тибқи Нақшаи кори солонаи факултет ба роҳ монда шудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва дараҷаи маданиятнокии донишҷӯён равона карда шудаанд. Барои пешбурди корҳои тарбиявӣ, ҷамъиятию фарҳангӣ ва ғоявию сиёсӣ дар факултет ташкилотҳои ҷамъиятии факултет - Созмони ҷавонон, Иттифоқи касабаи кормандон, Шӯрои бонувон, Шӯрои сарпарастони гуруҳҳои академӣ ташкил карда шудаанд, ки таҳти роҳбарии ҷонишини декан оид ба тарбия амал менамоянд. 

Устодону донишҷӯёни факултет дар ҳаёти ҷамъиятию фарҳангии донишкада ва чорабиниҳои сиёсии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд.