Факултети технологияҳои информатсионӣ: корхои илми-тадкикоти - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

   Факултети технологияҳои информатсионӣ дорои ду кафедраи тахассусӣ буда, корҳои илмӣ тадқиқотии хешро дар мавзӯи “Муаммоҳои тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ ва маркетинг” иҷро намуда истодааст.

   Самти асосии кори  илмӣ – тадқиқотии  кафедраи менеҷмент ва маркетинг, ки аз рӯи нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шудааст:  «Ҳавасмандгардонии иқтисодии соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад. Дар доираи ин самт проблемаи илмӣ–тадқиқотии  кафедра дар мавзӯи «Мукаммалгардонии механизмҳои ҳавасмандгардонии соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди тадқиқот қарор дорад.

   Равияи назариявии кори илмӣ-тадқиқотии кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт - «Моделсозӣ ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ» мебошад. Проблемаи кори  илмӣ – тадқиқотии  кафедра - «Коркарди усулҳо ва моделҳои татбиқи васеъи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
 

  Имрӯз дар факултет 16 нафар устодон фаъолият доранд, ки аз онҳо 1 нафар доктори илм (Мирзоев А.), 5 нафар номзадҳои илм, 4 нафар устодони калон ва 5 нафарашон ассистент мебошанд. Ба факултет 4 нафар аспирантон вобаста карда шудаанд, 1 нафар устод дар арафаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ (Баёнова М.) мебошад.


 

   Бояд қайд намуд, ки дар назди ҳар як кафедра семинарҳои илмии устодон амал мекунанд, ки онҳо тибқи нақшаҳои кории кафедраҳо фаъолият доранд. Ҳар як устод дар давоми сол дар ин семинар баромад карда, доир ба корҳои илмӣ-тадқиқотии ба сомон расонидааш гузориш медиҳад. Инчунин ҳар як кафедра мувофиқи ихтисосҳои вобасташуда маҳфилҳои илмии донишҷӯёнро доранд, ки дар онҳо донишҷӯён вобаста ба мавзӯъҳои мухта-лиф дар доираи ихтисоси худ маърӯзаҳо карда, сатҳи дониш ва ҷахонбинии худро сайқал медиҳанд.

  Илова бар ин дар факултет созмонҳои илмии зерин фаъоланд: Шӯрои олимон ва муҳақиқони ҷавони факултет ва Ҷамъияти илмии донишҷӯён. Созмонҳои илмӣ фаъолияти хешро баҳри баланд бардоштани иқтидори илмӣ-инноватсионии устодони ҷавони факултет ва ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқоти равона месозанд.