Факултети технологияҳои информатсионӣ: фаъолияти таълими - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ
Фаъолияти таълимии

   Дар факултет раванди таълим барои ба даст овардани донишҳои назариявӣ ва доро гардидан ба малакаи зарурии амалӣ бо техникаи мураккаби компютерӣ равона карда шудааст. Омӯзонидани донишҷӯён дар лабораторияҳои махсус, ки бо техникаи замонавии компютерӣ ва дигар таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, гузаронида мешавад. Дар ин лабораторияҳо, ки дар тамоми биноҳои таълимии донишкада ҷойгиранд, машғулиятҳо қариб аз рӯи тамоми фанҳои факултет гузаронида мешаванд. Устодон дар кори худ аз технологияҳои муосири интернетӣ ва тестиронии компютерии донишҷӯён истифода мебаранд. Инчунин дар факултет тамоми шароитҳо барои фаъолияти илмӣ ва эҷодкории донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Тавсифи ихтисосҳои факултет

а) Ихтисоси 40010202 - «Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт» 

Вазифа: ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва идоракунӣ дар ташкилоту корхонаҳо, ва-зоратҳо, бонкҳо ва соҳаҳои маориф бо истифода аз технологияҳои информатси-онии ҳозиразамон 

 Ҷои ояндаи кор: шӯъбаҳои компютерӣ ва дигар сохторҳои иқтисодии корхо-наҳо, бонкҳо, корхонаҳои саноатӣ, нақлиётӣ, молиявӣ ва дигар ташкилотҳое, ки техникаи компютериро барои коркарди маълумот истифода мебаранд. 

б) Ихтисоси 40010104 – Бехатарии иттилоотӣ
Вазифа: ҳимояи комплексии маълумотҳо, ҳалли масъалаҳои таъмини беха-тарию ҳифзи маълумот бо истифода аз воситаҳои барномавӣ-техникӣ ва усулҳои идоракунӣ.
Ҷои ояндаи кор: мақомоти идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, муассисаҳои молиявию қарзӣ, ташкилоту муассисаҳои махсуси давлатӣ оид ба бехатарӣ, мақомоти қудратӣ.

в) Ихтисоси 40010108 – Муҳандисии барномасозӣ

Вазифа: коркарди системаҳои нави барномавӣ-информатсионӣ.Ҷои ояндаи кор: муассисаю корхонаҳо оид ба коркард ва тадбиқи барно-маҳои компютерӣ, инчунин шӯъбаҳои компютерии корхнаҳои гуногун. Мутахас-сисони ин соҳа дар ҳама гуна корхонаҳо – давлатӣ, тиҷоратӣ ва қудратӣ харидо-рони худро доранд.

г) Ихтисоси 26020300  - Маркетинг
Вазифа: омӯзишу таҳлили бозор бо мақсади таъмин намудани фаъолияти самарабахш ва фоиданоки корхона дар шароити рақобати бозорӣ
 Ҷои ояндаи кор: Тамоми ташкилоту корхонаҳое, ки мақсадашон ба даст овардани бурди иқтисодӣ мебошад, аз ҷумла: корхонаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, хизматрасонӣ, энергетика, соҳаҳои  иттилоот, сайёҳӣ, алоқа, суғурта ва ғ

д) Ихтисоси 26020200 - Менеҷмент  -

  Менеҷмент-фаъолиятест, ки фарогири тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад ва асоси онро истифодаи принсипҳо ва усулҳои идоракунӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият ташкил медиҳад.

   Барои фаъолияти пурсамари хочагидорй дар корхонахо бояд кормандоне фаъолият намоянд, ки донишу малакаи амалии идора кардани одамонро дошта бошанд. Маҳз мутахассиси сохибкасбе, ки ба рафтору фаъолияти меҳнатии кормандони алоҳида ё гурӯҳи онҳо ва умуман корхона таъсир расонида метавонад, ин иқтисодчӣ-менеҷер мебошад.

е) Ихтисоси 26.02.01.06  - Идоракунии зидди бӯҳронӣ  -

   Идоракунии зиддибуҳронӣ-фаъолияте мебошад, ки максади онро устувор нигоҳ доштани фаъолияти корхона дар ҳолатҳои буҳронӣ, дар асоси таҳияи барномаву стратегияҳои зиддибуҳронӣ ташкил медиҳад.

   Иқтисодчӣ-менеҷер оид ба идоракунии зиддибӯҳронӣ бо ташхис, таҳлил, пешгӯикунии муфлисшавӣ ва муайян намудани роҳҳои устуворгардонии молияи корхонаҳои моликияташон гуногун ва ташкилотҳои қарзӣ, фаъолияти аудиторӣ, консалтингӣ (маслиҳатчигӣ) ва баҳодиҳии онҳо машғул мешавад.