Факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ: корхои илми-тадкикоти - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ БАҲИСОБГИРӢ МУҲОСИБӢ ВА САЙЁҲИ
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Равияи илмии факултет “Проблемаҳои такмили механизми баҳисобгирии идоракунӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Кафедраҳои тобеъи факултет аз тибқи равияи илмии худ дар ҳар соли тақвимӣ аз рӯи мавзӯъи мушаххас тадқиқоти илмӣ-мебаранд.

Кафедраи: Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Равияи илмӣ
«Рушди назария, методология ва ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар шароити гузариш ба СБҲМ»
Мавзӯъи илмӣ
Масъалаҳои такмили ҳисобгирии молиявию идоракунӣ, ТФХ, аудит ва омор, ҳолати муосир ва дурнамои рушди онҳо

 

Кафедраи: Идоракунии давлати ва маҳаллӣ
Равияи илмӣ
Проблемаҳои такмили низоми идоракунии соҳибкорӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ
Мавзӯъи илмӣ
Инкишофи идоракунии соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Кафедраи: Фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ 
Равияи илмӣ
Эҳё намудани арзишҳои умумибашарӣ ва тафаккури навини сиёсӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва худшиносии миллӣ дар раванди таълиму тарбия
Мавзӯъи илмӣ
Таърих ва афкори сиёсию фалсафии халқи тоҷик

Дар факултет 3  маҳфили илмии донишҷӯён амал менамояд:
-  Маҳфили илмии «Ҳисобдор» барои донишҷӯёни ихтисоси «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит»;
-  Маҳфили илмии «Соҳибкори ҷавон» барои донишҷӯёни ихтисоси «Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат», ихтисоси «Идораи давлатӣ», «Идоракунии мақомоти маҳаллӣ», «Фаъолияти соҳибкорӣ дар корхона;
-  Маҳфили илмии «Ҷомеашиноси ҷавон» барои дӯсторони фаннҳои ҷомеашиносӣ (фалсафа, иҷтимоиёт, мантиқ ва ғ.).