Факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ: фаъолияти таълими - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ БАҲИСОБГИРӢ МУҲОСИБӢ ВА САЙЁҲИ
Фаъолияти таълимӣ

   Факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ дар бинои таълимии №4-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат алоҳида ҷойгир шуда, дорои 12 синфхонаи таълимӣ (аз он ҷумла 4 кабинети фаннӣ),  1 синфхонаи компютерӣ мебошад. Дар шуъбаи рӯзона 19 гуруҳи таълимӣ-академӣ дар ду баст таҳсил менамоянд. Раванди таълим тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст.
Факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисони ба талаботи бозори имрӯзаи меҳнат ҷавобгӯйро тайёр менамояд.

 

ДАР ЗИНАИ БАКАЛАВРИАТ

1.  250108.01 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил аудит дар бонкҳо
Иқтисодчӣ  бо  ин ихтисос ҳамчун  мутахассиси маълумоти олии дорои маҷмӯи донишҳо оиди ҳисобгирӣ-амалиётӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ва муассисаҳои молиявӣ, баҳисобгирии қарзҳои байнибонкӣ, баҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ, ҳисобгирии таҳлилӣ дар муассисаҳои бонкӣ омода мегарданд.

2.  250108.05 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил аудит дар саноат
Хатмкунандагони ихтисоси мазкур  метавонанд дар ташкилоту корхонаҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият дар вазифаҳои сармуҳосиб, таҳлилгар, аудитор ва дигар вазифаҳои фаъолияти молиявию ҳисобдорӣ кор кунанд.     

3.  260101.00 - Идораи давлатӣ
Доираи фаъолияти касбии мутахассисони ихтисоси «Идораи давлатӣ» - ин таъмини идоракунии самараноки муассисаҳои давлатӣ, ташкил ва амалисозии низоми идоракунии давлатӣ мебошад.

4.  260101.01 - Идоракунии мақомоти маҳаллӣ
Хатмкунандагони ихтисоси мазкур баҳри қонеъгардонии манфиати ҷамъиятӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, хадамоти давлатии назоратии соҳахои гуногун фаъолият менамоянд.

 

ДАР ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА:

Ихтисоси: «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо» (1-250108), равияи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити дохилӣ дар бонкҳо»

Ихтисоси: «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит» (1-250108), равияи «Назорати давлатии молиявӣ ва аудит»

Ихтисоси:  «Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат (1-260201.01), равияи «Бизнес-маъмуриятчигӣ» (МВА)

Ихтисоси: «Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат (1-260201.01), равияи «Бизнес-маъмуриятчигӣ» (МВА)