Факултети хизмати молияви: корхои тарбияви - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ ХИЗМАТИ МОЛИЯВӢ ВА ГУМРУК
Корҳои тарбиявӣ

Корҳои тарбияӣ дар факултет дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Консепсияи миллии тарбия”, “Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба роҳ монда шуда,   бо мақсади тарбия намудани мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ мебошад.

Пешбурди корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимӣ- академӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маданиятнокии донишҷӯён дар самтҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

  • Гузарондани дарсҳои тарбиявӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида;
  • Назорати риояи талаботи Дастурамали  либосҳои тавсиявӣ;
  • Кор бо волидайни донишҷӯён дар самти давомот ва иштироки  донишҷӯён дар дарсҳо, манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим ва бо мошинҳои шахсӣ ба дарс наомадани донишҷӯён;
  • Тарбия ва тарғиби тарзи ҳаёти солим;
  • Иштирок дар чорабиниҳои ташкилӣ-тарбиявӣ, ғоявӣ- сиёсӣ ва ахлоқию маърифатӣ;
  • Пешгирӣ намудани ҳолатҳои майлкунии донишҷӯён ба ҳаракатҳои динии экстремистӣ;
  • Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз он ҷумла  омилҳои ба ҳолати коррупсионӣ мусоидаткунанда;
  • Ташкили вохуриҳо бо намояндагони мақомотҳои қудратӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён;
  • Тамошои намоишҳои театрӣ, филмҳои тарбиявӣ;
  • Боздид аз осорхона ва дигар ҷойҳои таърихӣ.