Кафедраи туризм: ихтисосхои кафедра - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ТУРИЗМ
Ихтисосҳои кафедра

89.01.01 – ТУРИЗМ ВА МЕҲМОННАВОЗӢ 

Аз рӯи ихтисоси мазкур мутахассисон барои туризми дохилӣ ва  индустрияи меҳмоннавозӣ тайёр карда мешаванд. Хатмкунандагон метавонанд дар бозори туризми дохилӣ ва ё ба ҳайси менеҷерони маҷмааҳои меҳмонхонавӣ кору фаъолияткунанд.
Ҳангоми таҳсил аз рӯи тахассуси мазкур ба мутахассисони оянда, роҳҳо ва технологияҳои тарҳрезии фаъолияти ширкатҳои туристӣ, роҳбарӣ ба фаъолияти ширкатҳо, фаъолияти туроператорӣ ва агентӣ, механизмҳои коркарди маҳсулоти туристӣ, барномасозӣ, коркарди хатҳои сайру сайёҳӣ, технологияҳои тарҳрезӣ ва ташкили истироҳату вақтхушии сайёҳон, хизматрасонии экскурсионӣ-сайёҳӣ, хизматрасонии меҳмонхонавӣ, роҳбарӣ ба гурӯҳҳои сайёҳон, ҳамчунин масоили бозоршиносӣ ва сиёсати рақобатӣ дар бозори туристӣ омӯзонида мешавад. Дар раванди омода намудани мутахассисон бештар ба масъалаи сифати маҳсулоти сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон мувофиқ ба стандартҳои байналхалқӣ ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм" диққат дода мешавад. 

 

26.02.02.10 «МЕНЕҶМЕНТ ДАР СОҲАИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ»

Аз рӯи ихтисоси мазкур барои туризми байналмилалӣ, воридот ва содироти сайёҳон, сохторҳои байналмилалии туристӣ ва меҳмоннавозӣ мутахассисон тайёр карда мешавад. Кафедра муттахассисони қобили меҳнат барои корхонаҳо, ширкатҳои туристӣ, ширкатҳои меҳмонхонавӣ, муассисаҳои хӯроки умум ва ғайраро дар соҳаи туризм тайёр менамояд. Зарурати кушодани кафедра ба талаботҳои зиёд ва мавҷуда вобаста аст. Дар ин ихтисоси мазкур қобилияти донишҷӯн бисёртар ба донистани забонҳои хориҷи буда аз ин ҷониб омӯзиши фанҳои доир ба забономӯзӣ хеле ба назар гирифта шудаанд. Дар давоми таҳсил донишҷӯёни ин ихтисосӣ мазкур имконият доранд, ки таҷрибаомӯзиашонро дар объектҳои сайёҳӣ гузаранд ва дониши назариявии худро дар таҷриба муқоиса намоянд. Чихеле, ки ба ҳамагон маълум аст,  соҳаи сайёҳии байналмиллалӣ рӯз аз рӯз  авҷ  ёфтаистодааст ва талабот ба мутахассисонӣ баландихтисос хеле зиёд шуда истодааст.