Кафедраи тарбияи ҷисмони ва ҳифзи муҳити зист: Фаъолияти таълимии кафедра - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Фаъолияти таълимии кафедра

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тарбияи  ҷисмонӣ  ва варзиш», стандарти  давлатии тарбияи ҷисмонии муассисаҳои  таълимии таҳсилоти  олии касбӣ, ташкили  муташаккилонаи доимии  машғулиятҳои  донишҷӯён, таъмини  дараҷаи аз худкунии  донишҷӯён  аз фанни  тарбияи ҷисмонӣ  ва дар ин самт таҳкими  талаботҳои муқаррароти  тарбияи ҷисмонӣ  дар  тайёр намудани  бакалавр ва  мутахассисон   мебошад.
Мақсади  асосии  фанни Бехатарии фаъолияти ҳаётӣ ва Мудофиаи шаҳрвандӣ - омӯзиши  бехатарии  фаъолият  ва мудофаи гражданӣ  буда ташкили  ҳуқуқии ба роҳ  мондани  мудофиаи  гражданиро  дар  қаламравӣ Ҷумҳурии  Тоҷикистон, салоҳияти  мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ, ташкилотҳо сарфи  назар  аз  мансубият  ва  шакли  ташкилӣ   ва ҳуқуқиашон, шахсони  мансабдор  ва шаҳарвандон,  дар соҳаи  мудофиаи  шаҳарванди  муайян  менамояд.
Омода намудан  ва омӯзонидани донишҷӯёни  донишкада  оид ба  ҳолатҳои  фавқулодда  ва мудофиаи гражданӣ  яке  аз фанҳои  асосии  таълимии донишҷӯёни  шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи олӣ буда, ба  нақшаи таълимӣ  чун фани  махсус  дохил  карда  шудааст.
Дар шароити ҳозира, ки ҷомиаи мо ба давраи масъулиятнокӣ дигаргунии қатъӣ-таърихии худ-давраи таҳаввулоти демократӣ қадам ниҳод, тарбияи экологии шахсият, ташаккули инсони нав, ва дар тарбияи ҳамаҷонибаи ӯ самарабахш истифода кардани имкониятҳои моддию маънавӣ аҳамияти ба ғоят махсус пайдо мекунад.
Бунёди фарҳанги экологӣ ҳамчун меъёри ҳаёти ҷамъияти мутамаддин яке аз самтҳои муҳимтарини ин ҷабҳаи корест, ки ҳаёт ба миён гузоштааст.
Экология – сарчашмаи     асосии  қонеъ  гардонидани   талаботи  моддию  маънавии  инсон  табиат  ва  муҳити  атроф  мебошад, ки ҳифзи  он  вазифаи  муқаддаси   ҳар  як  фарди  ҷомеа  ба ҳисоб  меравад. Аз ин рӯ, барои  омӯзиши  назария  ва амалӣ  гардонидани  дониши  бадастоварда   барои  донишҷӯёни  донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар баробари дигар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон  аз худ  намудани   фанни  экология  тавсия  дода шудааст