Факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон: корхои тарбияви - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ СОҲИБКОРӢ ВА ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН
Корҳои тарбиявӣ

      Корҳои тарбиявӣ дар факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба роҳ монда шуда, ба тарбия намудани мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ нигаронида шудааст.

      Пешбурди корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимӣ-академӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маданияти донишҷӯён дар самтҳои зер ба роҳ монда шудааст:

- Гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида;
- Назорати риояи талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ;
- Кор бо волидайни донишҷӯён дар самти иштироки донишҷӯён ба дарсҳо, манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим ва бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён;
- Тарбия ва тарғиби тарзи ҳаёти солим;
- Иштирок дар чорабиниҳои ташкилӣ-тарбиявӣ, ғоявӣ-сиёсӣ ва ахлоқию маърифатӣ;
- Пешгирӣ намудани ҳолатҳои майлкунии донишҷӯён ба ҳаракатҳои динии экстремистӣ;
- Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз он ҷумла омилҳои ба амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда;
- Ташкили вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти қудратӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён;
- Тамошои намоишҳои театрӣ, филмҳои тарбиявӣ;
- Боздид аз осорхона ва дигар ҷойҳои таърихии мамлакат ва ғайра.