Факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон: корхои илми-тадкикоти - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ СОҲИБКОРӢ ВА ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

     Факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худро аз рӯи мавзуӣ ягонаи «Инкишофи соҳибкории хурду миёнаи инноватсионии истеҳсолӣ дар саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст. Иҷрокунандагони мавзӯи мазкур асосан устодони кафедраҳои зертобеи факултет ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи онҳо тибқи дурнамои нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолияти илмии худро пеш бурда, соле ду маротиба ба кафедра ва як маротиба ба қисми илм ва робитаҳои хориҷӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд.

     Равияи илмии кафедраҳои зертобеи факултет дар чунин самтҳо ба роҳ монда шудааст:

-  Кафедраи иқтисодёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ – Проблемаҳои ташаккул ва рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  Кафедраи назарияи иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ – Муаммоҳои микроиқтисодӣ ва макроиқтисодӣ дар таъмини рушди инноватсионии иқодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  Кафедраи риёзиёт дар иқтисодиёт – Дар бораи баъзе масъалаҳои муодилаҳои дифференсионалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ;

-  Кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт – Коркарди усулҳо ва моделҳои татбиқи васеи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  Кафедраи менеҷмент ва маркетинг – Ҳавасмандгардонии иқтисодии соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 

     Ҳайати устодону профессорони факултет на танҳо дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ саҳми назаррас доранд, балки фаъолияти онҳо дар самти иҷроиши корҳои илмӣ-методӣ низ намоён мебошад. Аз ҷумла, нашри васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, курси лексияҳо, дастурҳои методӣ, монографияҳои илмӣ ва амсоли инҳо аз номгӯи корҳои илмӣ-методии онҳо мебошад.