Факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон: фаъолияти таълими - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ СОҲИБКОРӢ ВА ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН
Фаъолияти таълимӣ

     Ташкили раванди таълим дар факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон фаъолияти ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва сохторҳои таркибии донишкадаро дар бар гирифта, дар чунин самтҳо амалӣ мегардад:  

- доир ба банақшагирии раванди таълим;

- доир ба ташкили корҳои таълимӣ;

- доир ба назорати раванди таълим.

     Банақшагирии раванди таълим дар факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон дар асоси нақшаҳои кории таълимӣ доир ба барномаҳои таълимии амалишаванда (ихтисосҳо), ки аз тарафи  шӯрои илмӣ-методии донишкада таҳийя карда мешавад, амалӣ гардонида мешавад. Нақшаҳои кории таълимии амалкунанда аз рӯи номгӯи фанҳо, намуди машғулиятҳои таълимӣ ва ҳаҷми соатҳо ба талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ ба роҳ монда шудааст.

     Фонди аудитории факултет аз 15 синфхонаҳои таълимӣ иборат мебошад, ки аз онҳо се синфхонаи компютерӣ ва 12 синфхонаи  бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз иборат мебошад.

     Дар факултет низоми кредитии таҳсилот пурра фаъол буда, дар шуъбаи рӯзона 34 гуруҳи таълимӣ-академӣ дар ду баст таҳсил менамоянд.

     Пас аз хатми зинаи бакалавриат хатмкунандагон имкон доранд, ки таҳсили худро дар зинаи магистратура аз рӯи равияҳои «Иқтисодиёти ҷаҳон» ва «Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)» давом диҳанд. Инчунин, хатмкунандагони зинаи мазкур метавонанд дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисоси 6-D050600-Иқтисодиёт (PhD) таҳсили худро идома диҳанд.