Конфронсҳои донишкада: Қисми илм - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Қисми илм
Конфронсҳои донишкада

   Яке аз ҷабҳаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишкада ин ташкил ва гузаронидани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо ба ҳисоб меравад.
Нақшаи доир намудани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат барои соли 2015 аз ҷониби раёсати донишкада тасдиқ гардида, он тадриҷан амалӣ карда мешавад.

    Тибқи нақшаи мазкур дар шашмоҳаи аввали соли 2015 чунин чорабиниҳои илмӣ доир гардиданд:

  1. 1. Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Нақши занон дар таъмини рушди инноватсионии иқтисодиёти Тоҷикистон» (июни с. 2015);
  2. 2. Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Дурнамои рушди низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳамгироии иқтисодӣ» (майи с. 2015);
  3. 3. Конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Баҳисобгирии молияви, идоракунӣ, таҳлил ва аудит дар шароити муосир: муаммоҳои гузариш» (апрели с. 2015);
  4. 4. Конфронси илмӣ-амалии анъанавии донишкада дар мавзӯи «Муаммоҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ ва нақши он дар иқтисодиёти Тоҷикистон» (апрели с. 2015):
  5. 5. Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Қаҳрамониҳои меҳнаткашони Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ» (майи  с. 2015):
  6. 6. Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои  муосири муодилаҳои дифференсиалӣ ва татбиқи онҳо»  (майи  с. 2015):