ТЕХНОПАРКҲО : Қисми илм - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Қисми илм
ТЕХНОПАРКҲО

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ПАРКИ ИННОВАТСИОНӢ-

ТЕХНОЛОГИИ НАЗДИ ДОНИШКАДА

    Парки технологӣ-инноватсионии  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, воҳиди сохтории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар асоси санадҳои меъёрию  ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, бо Қарори Шӯрои олимони Донишкада аз 23 июни соли 2013 (суратмаҷлиси №12), ҳамчун шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шудааст.

    Бо дастгирии роҳбарияти донишкада, бо мақсади таъмини шароити мусоиди корӣ дар Парки технологӣ-инноватсионии  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ бинои Парки мазкур аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, синфхонаҳои барҳаво ва таҷҳизотҳои зарурӣ  ҷиҳозонида шуданд. Умуман, бояд қайд намоям, ки заминаи моддию техникии Парки технологӣ-инноватсионии  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат имрӯз ба талаботҳои чунин намуди марказҳои таълимӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамаи корҳои баанҷомрасонидаи роҳбарияти донишкада бо мақсади рақобатпазир гардонидани донишҷӯёни донишкада дар бозори меҳнат, тайёр кардани мутахассисони ба талаботи бозор  ҷавобгӯ, бо сертификат таъмин кардани онҳо ва фоида овардан ба буҷети донишкада   мебошад.

     Парки инноватсионӣ-технологии донишкада имрӯз бо дарбаргирии курсҳои кӯтоҳмудати омӯзишӣ аз рӯи самтҳои адрасбофӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ, дузандагӣ, қаннодӣ, заргарӣ, кошонаи ҳусн, ҳунарҳои бадеии халқӣ, забони хитоӣ, курсҳои компютерӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

    Айни замон дар назди Парки инноватсионию технологии донишкада курсҳои кутоҳмудат аз рӯи ихтисосҳои “Дӯзандагӣ” ва “Қаннодӣ” ташкил карда шуда, барои кушодани ихтисосҳои “Ороишгари мӯй” ва “Асосҳои омӯзиши компютер” синфхонаҳои махсуси бо воситаҳои заррурӣ муҷаҳҳаз ташкил карда шудааст.

    Ҳайати кормандони Парки инноватсионию технологии донишкада 5-нафарро ташкил медиҳанд, ки онҳо аз директор, муҳосиб, методист ва ду нафар омӯзгор иборат мебошанд.

    Барои пешбурди фаъолияти Парки инноватсионию технологии донишкада, аз ҳисоби буҷети донишкада ду дастгоҳи атласу адрасбофӣ ба маблағи 7000 сомонӣ харидорӣ карда шудааст. Илова бар ин, донишкада барои беҳтар гардидани заминаҳои молиявии парки мазкур ва бо мақсади ҷоннок намудани раванди фаъолият,  ба суратҳисоби Парки инноватсионию технологӣ 30000 сомонӣ гузаронидааст, ки онҳо дар раванди азхудкунӣ қарор доранд.

    Боиси хурсандӣ аст, ки соли ҷорӣ Парки технологӣ-инноватсионии  донишкада, нахустин дастпарварони худро аз рӯи ихтисосҳои “Дӯзандагӣ” ва “Қаннодӣ” бо сертификат таъмин намуд.

    Раванди корҳои ташвиқотию таблиғотӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба курсҳои омӯзишии Парки технологӣ-инноватсионии  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз ҷониби кормандони Парки мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Кулолгарӣ

Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ ва  тавсияи ҳунаромӯзии донишҷӯёни донишкада ва хонандагони литсей устохонаи кулолгарӣ ба кор шурӯъ кард ва истеҳсоли зарфҳои кулолӣ ба роҳ монда шуд. Ҳар сол дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сехи кулолгарӣ бо маҳсулоти гуногуни пешниҳодкардааш сазовори мукофоту ифтихорномаҳо шудааст. 

Дар айни ҳол байни кулолгар Розиқов М.Қ. ва раёсати донишкада шартнома таҳти № 2/11 аз 4. 02. 2010 баста шудааст, 30%- и  маҳсулот ба ҳисоби маоши кулолгар ва  шогирдони  ӯ гузаронида мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Заргарӣ

Заргарӣ яке аз ҳунарҳои маъруф ва қадимаи халқи тоҷик аст, ки тӯли ҳазорсолаҳои таърих то имрӯз боқӣ мондааст. Заргарӣ миёни мардуми тоҷик, то ҳанӯз мақоми хоса дорад ва ҳам таваҷҷӯҳи мардум нисбати ин касби аҷдодӣ зиёд кунанд.
Акнун каме эҳсоси ватанпарастӣ кифоят мекунад, ки масъул Абдуллоев Ҳумайни Муҳммадиевич даст ба кор бишаванд ва заргарӣ аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба шоҳроҳҳои бузурги «Роҳи абрешим» роҳ ёбаду харидор пайдо кунад.

 

Низомномаи  Парки технологии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат – “Технополис”