Олимпиадаҳо ва озмунҳо : Қисми илм - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Қисми илм
Олимпиадаҳо ва озмунҳо

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии донишљӯён

 

    Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат донишҷӯёни лаёқатманд ва ҷалби онҳоро ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ тибқи Низомномаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни донишкада, ки  дар асоси Низомномаи намунавии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  29.03.2011 № 5/12) таҳия шудааст, ба роҳ мондааст.

    Корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ба мавзӯҳои муҳими иқтисоди бозорӣ бахшида шудаанд. Ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён, тибқи талаботи Низомномаи мазкур, устодони пуртаҷрибаи дорои дараҷа ва унвони илмидошта роҳбарӣ менамоянд. Дар қисми илм ва робитаҳои хориҷии донишкада рӯйхати донишҷӯёни ташкилотчиву боистеъдод, ихтироъкору ҳунарманд ва аълохон аз курсҳои аввал тартиб дода шуда, онҳо ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб карда шудаанд.

    Дар соли 2018 Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) чун солҳои қаблӣ фаъолияти худро баҳри таҳкими корҳои илмии донишҷӯён идома дод. ҶИД дорои нақшаи корӣ буда, аз 32 нафар  аъзоёни доимии худ иборат аст. Роҳбарии ҶИД бар уҳдаи донишҷӯи фаъол ва лаёқатманди бахши сеюми ихтисоси 1-26020200-Менеҷмент, таҳсили рӯзона, бо забони тоҷикӣ Сафаров Алихон  вогузор карда шудааст.

    Корҳои илмии донишҷӯён дар доираи маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо таҳким дода мешавад. Дар соли 2018 дар донишкада 17 маҳфили илмии донишҷӯён фаъолият намуда, дар ҷаласаҳои худ  масоили мухталифи  ба ихтисоси шогирдон алоқамандро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар маҷмуъ, маҳфилҳо беш аз  550 нафар  донишҷӯёнро фаро гирифта, бештар аз 300 маърӯза дар ҷаласаҳои маҳфилҳо шунида  шудааст. Дар асоси пешниҳоди маҳфилҳо 183 нафар донишҷӯи фаъол дар соли 2018 дар конфронси илмӣ-назариявии донишкада бо маърӯзаҳои илмии хеш баромад намудаанд.

     Дар донишкада ба корҳои илмию таҳқиқотӣ асосан донишҷӯёни лаёқатманд аз курсҳои аввал ҷалб карда мешаванд. Шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ аз рӯи маълумоти факултетҳо ва кафедраҳо рӯйхати донишҷӯёни забондон (асосан забонҳои русӣ ва англисӣ), ташкилотчиву боистеъдод, ихтироъкору ҳунарманд ва аълохонро тартиб дода, дар якҷоягӣ бо Шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва роҳбарони мафилҳои кафедраҳо бо онҳо мунтазам кор мебаранд. Донишҷӯён аз курсҳои аввал  сар карда, дар мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, маҳфилҳои мубоҳисавӣ иштирок менамоянд.      

 

ВАЗЪИ МАҲФИЛҲОИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР СОЛИ 2018

 

 

 

 

    Бояд қайд намуд, ки кори маҳфилҳои илмии донишҷӯён дар аксар кафедраҳои донишкада хуб ба роҳ монда шуда, фаъолияти онҳо шавқовар ва тибқи талабот роҳандозӣ карда шудааст.

    Тибқи маълумоти ҷадвали овардашуда, кафедраҳои донишкада тавонистанд дар соли 2018, 128 маротиба ҷаласаҳои маҳфилҳоро доир намоянд, ки дар кори онҳо 562 нафар донишҷӯён иштирок ва 314 маърӯзаи донишҷӯён шунида шудааст.

 

ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ, ОЗМУНҲО, КОНФРОНСҲО

 

<table id="table" width="610>

 

Номи

Кафедра

Номи маҳфил

Роҳбар

(ном, унвон, вазифа)

Σ ҷаласаҳо

Σ аъзоён

Шумораи маърӯзаҳо

  1.  

Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

«Дипломати ҷавон»

Ассистент Шарифов К.А.

8

36

22

  1.  

Назарияи иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ

«Соҳибкори ҷавон»

Ассистент Қозиев Д.

9

42

24

  1.  

Менеҷмент ва маркетинг

«Маркетологи ҷавон»

Устоди калон Гадоев Ҳ.

7

30

15

  1.  

Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт

«Олами технология»

Ассистент Расулов С.Ғ.

8

38

20

  1.  

Риёзиёт дар иқтисодиёт

«Риёзидони ҷавон»

Устоди калон Норқулов Р.

7

28

16

  1.  

Молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ

«Молиячии ҷавон»

Ассистент Хидиралиев Р.

10

46

18

  1.  

Хизматрасонии бонкӣ

«Бонкдори ҷавон»

Ассистент Файзов Н.

8

32

20

  1.  

Гумрук ва муқовимат бо коррупсия

«Гумрукчиёни ҷавон»

Ассистент Ҳакимов К.

7

34

18

«Минбари ҳуқуқшинос»

Дотсент

Сафаров И.

6

26

11

  1.  

Фарҳангшиносӣ ва забонҳо

 

«Суханвар»

Н.и.п.,

Шокириён М.

8

30

18

«Русское слово»

Устоди калон Файзалиев А.

6

18

20

  1.  

Забонҳои хориҷӣ

«Забон донӣ-ҷаҳон донӣ»

Устоди калон Қурбонова Г.

6

42

22

  1.  

Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит

«Ҳисобдор»

Ассистент Каримов Н.С.

8

34

16

  1.  

Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ

«Хизматчии давлатии ҷавон»

Ассистент Шарипов Ҳ.А.

7

28

18

  1.  

Туризм

«Ҷаҳони саёҳат»

Устоди калон Қурбонов Ё.С.

7

24

14

 

  1.  

Фалсафа ва таърих

«Ҷомеашиноси ҷавон»

Н.и.ф.,

Ҳоҷиев Н.Н.

8

36

20

  1.  

Тарбияи ҷисмонӣ ва ҳифзи муҳити зист

«Варзишгарони ҷавон»

Устоди калон Наҷмудинов С.А.

8

38

22

Ҳамагӣ дар ДСХ:

17

 

128

562

314

 

 

Номи маҳфили илмӣ, кафедра, факулта

 

Теъдоди аъзоён

Шумораи ҷаласаҳо

Иштироки аъзоёни маҳфил дар:

Қадршиносӣ

Олимпиада

Озмун

Конфронс

Шаҳрӣ

Ҷумҳуриявӣ

Шаҳрӣ

Ҷумҳуриявӣ

Кафедра

Донишкада

Ноҳиявя, шаҳр, ҷумҳурӣ

Раҳматнома

Ифтихорнома

Мукофотпулӣ

ФАКУЛТЕТИ СОҲИБКОРӢ ВА ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ «Дипломати ҷавон»

36

8

-

-

-

-

22

8

-

-

2

-

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи назарияи иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ «Соҳибкори ҷавон»

42

9

-

1

-

-

24

16

1

-

4

-

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи менеҷмент ва маркетинг «Маркетологи ҷавон»

30

7

-

-

-

-

15

7

-

-

1

-

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт «Олами технология»

38

8

-

1

-

-

20

9

-

-

2

1

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи риёзиёт дар иқтисодиёт «Риёзидони ҷавон»

28

7

-

-

-

-

16

12

-

-

2

-

ФАКУЛТЕТИ ХИЗМАТИ МОЛИЯВӢ ВА ГУМРУК

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ «Молиячии ҷавон»

46

10

-

-

-

-

18

16

-

-

5

-

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи хизматрасонии бонкӣ «Бонкдори ҷавон»

32

8

-

-

-

-

20

8

-

-

2

-

  1.  

Маҳфилҳои илмии кафедраи гумрук ва муқовимат бо коррупсия «Гумрукчиёни ҷавон» ва

«Минбари ҳуқуқшинос»

34

7

-

-

-

-

18

10

-

-

2

-

26

6

-

-

-

-

11

7

-

-

1

-

  1.  

Маҳфилҳои илмии кафедраи фарҳангшиносӣ ва забонҳо «Суханвар» ва

«Русское слово»

30

8

-

1

-

-

18

9

-

-

7

-

18

6

 

-

-

-

20

6

-

-

2

-

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи забонҳои хориҷӣ «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ»

42

6

-

-

-

-

22

11

-

-

4

-

ФАКУЛТЕТИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА САЙЁҲӢ

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит «Ҳисобдор»

34

8

-

-

-

-

16

9

-

-

2

-

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ «Хизматчии давлатии ҷавон»

28

7

-

-

-

-

18

10

-

-

3

-

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи туризм «Ҷаҳони саёҳат»

24

7

-

-

-

4

14

7

-

-

4

-

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи фалсафа ва таърих «Ҷомеашиноси ҷавон»

36

8

-

1

-

-

20

12

-

-

5

-

  1.  

Маҳфили илмии кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳифзи муҳити зист «Варзишгарони ҷавон»

38

8

-

--

5

3

22

2

-

-

11

-

ҲАМАГӢ

562

128

-

4

5

7

314

159

-

-

59

-

                                     

 

    Яке аз масъалаҳои муҳим дар масъалаи бедор сохтани шавқ ва хоҳиши донишҷӯён ба раванди илмомӯзӣ ва таълим, ҷалби онҳо ба олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳо ва конфронсҳо мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар даври хотимавии олимпиадаи фаннии донишҷӯёни мактабҳои олӣ,  ки  22-23 июни соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав баргузор гардид, 1 нафар сазовори ҷойи дуюм, 2 нафар  сазовори ҷойи чорум ва 1 нафар сазавори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

    Масъалаи дигаре, ки бо донишҷӯёни фаъол вобаста аст, ин ҷалб намудани онҳо ба давраҳои гуногуни олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи донишкада мебошад. Кафедраҳои мутасаддии донишкада нақшаҳои баргузории машғулиятҳо бо дастаҳои олимпиро ташкил намуда, пайваста бо онҳо машғулиятҳои инфиродӣ баргузор менамоянд.