Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ : Қисми илм - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Қисми илм
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

            Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар донишкада тибқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ДСХ барои солҳои 2010-2015 ба роҳ монда шудааст. Иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорӣ-омӯзгории донишкада дар чорчӯбаи мавзӯи ягона таҳти унвони “Инкишофи сохибкори ва соҳаҳои хизматрасони дар Чумҳурии Точикистон” сурат мегирад.

         Ҳамаи устодони кафедраҳо бо корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғул буда, дар доираи равияи илмии кафедраҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом медиҳанд. Мавзӯъҳои тадқиқотии устодони донишкада дар нақшаи дурнамо ва ҷории иҷрои  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедраҳо қайд гардидааст.