Докторантура(PhD) : Қисми илм - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Қисми илм
Докторантура(PhD)

   Докторантура ин маълумоти баъдидипломӣ ва дараҷаи олитарини маълумот мебошад. (PhD)-дараҷаи илмиест, ки ба унвонҷӯй баъди омоданамоӣ ва ҳимояи кори тахассусии диссертатсияи докторӣ дода мешавад.

   Дар докторантура тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз рӯи ду самт бо додани дарачаи олии академии "доктори фалсафа" (PhD) ва "доктор аз рӯи ихтисос" амалӣ карда мешавад.

   Ба докторантура шахсоне, ки дипломи зинаи магистр доранд, қабул карда мешаванд. Қабул      ба докторантура тибқи Қоидаҳои қабул ба муассисаҳои тахсилоти олии касбӣ ва илмӣ, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ мегардад, амалӣ карда мешавад. Таҳсил дар докторантура  танҳо дар шакли рӯзона муқаррар карда шуда, муҳлати он се солро ташкил медиҳад.

   Барномаи таълимии тайёр намудани доктори фалсафа (PhD) дорои самти илмӣ-педагогӣ буда, тайёрии бунёдӣ, таълимӣ, методологӣ, тадқиқотӣ ва омӯзиши амиқи фанхоро аз рӯи самтҳои дахлдори илм барои системаи таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва соҳаи илмию тадқиқотӣ пешбинӣ менамояд.

   Докторантураи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба баланд бардоштани дараҷаи илмӣ ва илмию педагогӣ имконият медиҳад.

   Дар докторантураи ДСХ  тайёр кардани кадрҳо аз рӯи ихтисосҳои зерин амалӣ карда мешавад:  
             

  • 6D050801 - «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит»
  • 6D050701- «Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ бо ишораҳои соҳаҳо, аз ҷумла:“Иқтисодиёти соҳибкорӣ, рекреатсия ва туризм»
  • 6D051001- «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ».