Магистратура : Қисми илм - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Қисми илм
Магистратура

   Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ, хизматрасонӣ, сайёҳат ва меҳмондорӣ, идоракунии давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ тайёр менамояд. Дар донишкада барои таҳсил аз рӯи низоми бисёрзинагии зерини таҳсилот тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Таъсис додани зинаи магистратура дар низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи низоми бисёрзинагӣ таҳсилоти ватаниро бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.
 

Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад.

    Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд дар равия ва ихтисоси ба дипломашон мувофиқ дар магистратура таҳсил намоянд. Муҳлати таҳсил дар шакли рӯзонаи магистратура ду сол муқаррар карда шудааст.

       Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат омодасозии мутахассисон дар зинаи магистратура аз рӯи 9 ихтисос ба роҳ монда шудааст:

 -“Иқтисодиёти ҷаҳон”;

- “Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ”;

-« Технология  ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт»;

- «Назорати давлатии молиявӣ ва аудит»;

-«Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо”;

-“Сайёҳат ва меҳмондорӣ”;

- “Кори бонкӣ”;

-“Молия ва қарз” ;

-“Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ”.      

         Магистратураи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро соли 2013 нуҳ нафар, с.2014 31 нафар, соли 2015 67 нафар ва соли 2016 79 нафар   бо дараҷаи магистри иқтисодиёт аз рӯи ихтисосҳои  “Иқтисодиёти ҷаҳон”,«Назорати давлатии молиявӣ ва аудит», “Кори бонкӣ”, “Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ”, “Сайёҳат ва меҳмондорӣ” хатм кардаанд.