Аспирантура : Қисми илм - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Қисми илм
Аспирантура

   Аспирантура шакли асосии тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ буда, ба шаҳрвандон имкон медиҳад,  ки сатҳи маълумот, тахассуси илмӣ ва педагогии худро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ баланд бардоранд.

   Мақсади аспирантура тақвият додани тайёрии назариявӣ ва тахассусии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, аз худ кардани усул ва воситаҳои  таҳқиқоти илмӣ, мустақилона дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмӣ ва илмию омӯзгорӣ мебошад.

   Тайёр кардани аспирантҳо дар соҳаҳои илм ва ихтисосҳои илмӣ мувофиқи феҳристи амалкунандаи кормандони илмӣ сурат мегирад.

   Аспирантураи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат яке аз омилҳои асосии тайёр намудани кадрҳои илмию илмӣ-педагогӣ ба шумор меравад, ки он барои баланд бардоштани дараҷаи илмӣ ва илмию педагогӣ имконият медиҳад. Дар аспирантура тайёр кардани кадрҳо аз рӯи номгӯи ихтисосҳои амалкунанда (феҳрасти ихтисосҳо) амалӣ карда мешавад.

   Таҳсил дар аспирантура дар шаклҳои рӯзона ва ғоибона сурат мегирад. Тартиби қабул ба аспирантура ва шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шартномавӣ) мувофиқи низомнома ва шартномаи тарафайн, инчунин сметаи хароҷоти тасдиқшуда муайян карда мешавад.

   Ба аспирантураи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабон ва тадқиқотчӣ-унвонҷӯён аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
 

  • 08.00.01 – Назарияи иқтисод
  • 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ
  • 08.00.13 –Усулҳои математикӣ ва инструменталии иқтисодӣ (илмҳои иқтисодӣ)
  • 05.13.18 – Моделсозии риёзӣ
  • 01.01.02 – Муодилаҳои дифференсиалӣ