Конфронсҳои илмӣ: Ба корманд - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Ба корманд
Конфронсҳои илмӣ

Яке аз ҷабҳаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишкада ин ташкил ва гузаронидани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо ба ҳисоб меравад.
                                                            Нақшаи
доир намудани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат барои соли 2014

Аз рӯи нақшаҳои тасдиқшуда ва қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2013, № 204 «Дар бораи Нақшаи гузаронидани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишкада дар давоми соли 2013 чунин чорабиниҳои илмӣ доир гардиданд:

  1. Семинари байнидонишгоҳӣ  дар мавзӯи «Проблемаҳо ва дурнамои аъзошавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо» (феврали 2013):
  2. Конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи  «Инкишофи назария, методология ва ташкили баҳисобгирӣ, таҳлил ва аудит дар шароити гузариш ба Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ)» (марти 2013):
  3. Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои рушди муносибатҳои молияв­ӣ-қарзӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» (апрели 2013):
  4. Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои татбиқи технологияҳои информатсионӣ дар сохторҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон (майи 2013):
  5. Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Роҳу усулҳои такмили тарбияи мутахассисони соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (июни 2013):
  6. Конфронси ғоибонаи илмӣ-амалии  байналмилалӣ дар мавзӯи «Сиёсати инноватсионӣ дар бахши беҳдошти захираҳои туристӣ-рекреатсионӣ ва масоили рушди устувори туризм»(октябри 2013):
  7. Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ» (декари 2013).