Аттестатсия ва озмунҳо: Ба корманд - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Ба корманд
Аттестатсия ва озмунҳо

АТТЕСТАТСИЯИ ОМӮЗГОРОН

Бо мақсади муайн намудани дараҷаи тахассус, қобилияти иҷрои вазифа, мувофиқати имкониятҳои ҷисмонӣ, синнусолӣ, зарурати такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва вазифавии устодон, беҳтар гардондани сифату таълиму тарбия дар донишкада зарурати гузаронидани аттестатсияи омӯзгорон пеш меояд. 
     Ташкил ва гузарондани аттестатсияи омӯзгорони донишкада тибқи талаботи «Низомномаи аттестатсияи омӯзгорон ва ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №8/4 аз 7 апрели соли 2007 тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.
     Тибқи банди 2.8-уми «Низомномаи аттестатсияи омӯзгорон ва ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аттестатсияи мутахассисони ҷавон, ки ба ҳайси омӯзгор ва ё дар вазифаи роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ кор мекунанд, баъди се соли ба кор қабул шуданашон, гузаронида мешавад.

 

                           ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ

 Дар муассисаву ташкилотҳо, аз ҷумла дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар натиҷаи ба итмом расидани муҳлат барои ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони илмии донишкада дар ҳафтаномаҳои ҷумҳуриявӣ озмун эълон карда шуда, гузаронида мешавад.
     Тибқи талаботи Низомнома дар бораи ба таври озмун ишғол намудани вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба таври озмун ишғол намудани вазифаҳо барои ҳайати профессорону омӯзгорон дар сурати мавҷуд будани ҷойҳои холӣ тибқи шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ амалӣ карда мешавад. 
     Ба вазифаҳои хидматии ҳайати профессорону омӯзгорон вазифаҳои мудири кафедра, профессор, дотсент, муаллими калон, муаллим, ассистент дохил мешавад.
     Ба озмун барои ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорон шахсоне роҳ дода мешаванд, ки таҳсилоти махсуси педагогӣ ва ё касбӣ аз рӯи ихтисосҳои мувофиқ доранд.
     Озмун барои ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорон дар мувофиқа бо талаботи тахассусӣ ба ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешавад.
     Мӯҳлати пешниҳоди аризаҳо ба озмуни вазифаҳои холии ҳайати профессорону омӯзгорон ва маълумот доир ба вазифаҳои холӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи чопи эълон муайян карда мешавад. 
Қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шахси маъсули донишкада (шуъбаи таълим), ки оид ба ташкил ва гузаронидани озмун масъул аст, танҳо дар ҳолати номувофиқатии ҳуҷҷатҳо ба талаботи тахассусии  ҳайати профессорону омӯзгорон ё ки дар ҳолати вайронкунии мӯҳлати пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳо рад карда мешавад.