ИТТИФОҚИ КАСАБАИ ДОНИШКАДА: Ба корманд - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Ба корманд
ИТТИФОҚИ КАСАБАИ ДОНИШКАДА

Насирддинов Изатулло Муҳиддинович – раиси Иттифоқи Касаба, дотсент.
Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, Бинои 4, утоқи 23
Тел: (+992 37) 234-88-00; 
E-mail: Nasirdinov@mail.ru

 

 

 


 

     Иттифоқи Касабаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат яке аз ташкилотҳои бонуфузи ҷамъиятӣ буда, ҳуқуқу манфиатҳои кормандонро ҳимоя менамояд. Ин ташкилот аз давраи ташкилёбии донишкада фаъолияти худро оѓоз намудааст. Иттифоқи Касабаи донишкада  ҳамчун ташкилоти ибтидоӣ дар ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.  
    Вазифаи асосии ташкилоти ибтидоии Иттифоқи Касаба дар донишкада пеш аз ҳама риояи интизоми меҳнат ва назорати он, ҳифзи иҷтимоии кормандон, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, таъмин намудани шароити корӣ ва ҳифзи саломатӣ мебошад. Кумитаи Иттифоқи Касабаи донишкада дар асоси қарордод дар ҳамкорӣ бо корфармо барои таъмин намудани корманд бо ҷойи кор ва таъмини музди меҳнат, инчунин барои ҳифзи саломатии корманд мусоидат менамояд. Дар солҳои охир фаъолияти ин ташкилот хеле босамар  гардида,  пайваста бо маъмурияти донишкада барои рушди он талош менамояд. 
  Дар ҳайати кумитаи Иттифоқи Касаба чор комиссияи доимоамалкунанда мавҷуданд:            
-    Комиссияи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
-    Комиссияи риояи интизоми меҳнат ва санитарӣ-гигиенӣ;
-    Комиссия оид ба масъалаҳои баҳсталаб;
-    Комиссияи тафтишотӣ-молиявӣ.
     Дар асоси пешниҳоди кумитаҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи зерсохторҳои донишкада дар рўзҳои ҷашнгирии идҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ба кормандони ниёзманд кўмакпулӣ дода мешавад. Бо қарори кумитаи Иттифоқи Касаба ҳар сол дар давраи рухсатии меҳнатӣ вобаста ба имконияти молиявӣ барои барқарор намудани саломатии кормандон аз ҳисоби аъзоҳақии Иттифоқи Касаба роҳхатҳо ба осоишгоҳҳо дода мешавад.