ЭЪЛОН БА ХАТМКУНАНДАГОН: Ба хатмкунанда - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Ба хатмкунанда
ЭЪЛОН БА ХАТМКУНАНДАГОН

   Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни курси панҷуми таҳсили ғоибонаи низоми кредитии таҳсилот расонида мешавад, ки сессияи санҷишӣ-имтиҳоноти курси панҷум аз 23-юми январ то  15-уми феврали соли 2017 доир мегардад;
 

   Муҳлати таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ барои донишҷӯёни курси панҷум (хатмкунандагон) тибқи тақвими академӣ аз 20-уми феврал то 18 марти соли 2017 (4 ҳафта) муқаррар карда шудааст;
 

   Донишҷӯёни курси панҷуми таҳсили ғоибонаи низоми кредитии таҳсилотро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани қарзҳои дебиторӣ ва академӣ, камбудиҳои ҳуҷҷатҳои таълимии хеш ва омодагӣ ба аттестатсияи давлатии хатм ба деканатҳои факултетҳои дахлдор муроҷиат намоянд;
 

   Аттестатсияи давлатии хатмкунандагони курси панҷуми таҳсили ғоибонаи низоми кредитии таҳсилот аз давраи аз 27 апрел- 24 майи соли 2017 гузаронида мешавад.