Шартҳои қабул ба аспирантура : Ба аспирант - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Ба аспирант
Шартҳои қабул ба аспирантура

     Ба шуъбаи рӯзонаи аспирантура шаҳрвандони синнашон то 35 сола ва ба шуъбаи ғоибона шаҳрвандони синнашон то 45 сола, ки дар соҳаи ихтисоси интихобгардида пас аз хатми муассисаи таҳсилоти олӣ дорои собиқаи кории на камтар аз 2 сола мебошанд, қабул карда мешаванд.
     Дар асоси «Низомнома  дар бораи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №308 тасдиқ карда шудааст ва «Низомнома дар бораи тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат», ки бо қарори Шӯрои олимони донишкада аз 27. 09. 2012, № 2/5.1 тасдиқ карда шудааст, шаҳрвандон ба таври зайл ба аспирантура қабул карда мешаванд:
     Мӯҳлати таҳсил ба аспирантураи рӯзона – 3 сол, ғоибона ва тадқиқотчӣ-унвонҷӯён  4 сол муқаррар карда шудааст. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷи наздик ва дур тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ ва қарордоди тарафайн қабул карда мешаванд. Ҳама шаклҳои таҳсил шартномавӣ мебошанд.

     Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
-    ариза ба номи ректори донишкада бо нишондоди ихтисоси интихобнамуда ва  
     тарзи таҳсил (рӯзона ё ғоибона);
-    варақаи шахсӣ барои баҳисобгирии кадрҳо бо 2-дона расми 3х4; 
-    тарҷумаи ҳол;
-    тавсифнома (аз ҷои кор);
-    рӯйхати корҳои чопшуда, ихтироот ва гузоришҳо оид ба корҳои илмиву тадқиқотӣ (шахсоне, ки асарҳои илмии чопшуда ва ихтироот надоранд, аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон маърӯзаи илмӣ ё реферат пешниҳод менамоянд)
-    нусха аз суратҷаласаи Шӯрои олимон барои шахсоне, ки ба аспирантура аз  тарафи шӯроҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бевосита пас аз хатми ин муассисаҳо тавсия шудаанд;
-    нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ бо замимааш.