Ихтисосҳои аспирантураи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: Ба аспирант - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Ба аспирант
Ихтисосҳои аспирантураи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

     Мақсади аспирантура  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат тақвият   додани тайёрии   назариявӣ   ва тахассусии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ,  аз худ  кардани  усул  ва воситаҳои  таҳқиқоти  илмӣ,  мустақилона дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмӣ ва илмию омӯзгорӣ мебошад.
     Тайёр кардани  аспирантҳо  дар  соҳаҳои  илм ва  ихтисосҳои илмӣ мувофиқи феҳристи амалкунандаи кормандони илмӣ сурат мегирад.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аспирантура аз рӯи ихтисосҳои зерин қабул менамояд:


-    08.00.01 – Назарияи иқтисод
-    08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ
-   08.00.13 – Усулҳои математикӣ ва инструменталии иқтисодӣ (илмҳои иқтисодӣ)
-    05.13.18 – Моделсозии риёзӣ
-    01.01.02 – Муодилаҳои дифференсиалӣ


Таҳсил дар  аспирантура  дар  шаклҳои  рӯзона ва  ғоибона  сурат мегирад. Тартиби  қабул  ба  аспирантура  ва шакли  таҳсил  (рӯзона, ғоибона, шартномавӣ) мувофиқи   низомномаи  ва шартномаи тарафайн, инчунин сметаи хароҷоти тасдиқшуда муайян карда мешавад.