Аттестатсияи аспирантҳо: Ба аспирант - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Ба аспирант
Аттестатсияи аспирантҳо

     Аспирант  ҳар  сол  аз  аттестатсияи кафедра  ва  факултет  мегузарад,  бо  ба расмиётдарории  варақаи  аттестатсионӣ  анҷом  дода  мешавад. Кафедра метавонад дар нақшаи инфиродии аспирант гузаштани аттестстаияи марҳилавиро  низ муқаррар  намояд.  Пеш  аз  доир  шудани  маҷлиси  кафедра  ӯро  роҳбари  илмиаш аз аттестатсия мегузаронад, вагарна ба аттестатсия кафедра роҳ дода намешавад. 
     Аспирант вазифадор аст, ки барои гузаштан аз аттестасияи солона ва марҳилавӣ ба роҳбари илмӣ ва кафедра ҳисобот пешниҳод менамояд. Аспиранте, ки дар мӯҳлатҳои муқарраршуда нақшаҳои инфиродии  таҳсилро иҷро намекунад ва аз ҷониби роҳбари илмӣ ва кафедра аз аттестатсия газаронида нашуда,  бо  фармони ректори  Донишкадаи сощибкорӣ ва хизмат аз аспирантура хориҷ карда мешавад.

 

 Варақаи аттестатсиони