Дар самти корҳои тарбиявӣ: Дастовардҳо - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Дастовардҳо
Дар самти корҳои тарбиявӣ

     Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишкада ба тарбияи ватандустӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори шаҳрвандии ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, барои тақвияти корҳои тарбиявӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронид.  Дар давоми соли 2013 зиёда аз 20 маротиба чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва хусусияти сиёсию тарбиявӣ дошта баргузор гардиданд. Ҷавонписарон ва ҷавондухтарони донишкада, на танҳо дар чорабинхои маърифатӣ-фарҳангии донишкадавӣ, балки берун аз он низ фаъолона ширкат варзиданд. 

     Бо фармони ректори донишкада барои фарзандони оилаҳои камбизоат ва кормандони донишкада дар пардохти маблағи таҳсил имтиёз муайян карда шудааст.  Дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2013-2014 ба  6 нафар ятимонми кулл ба маблағи 3000 сомонӣ кўмак расонида шуд.  Ҳамчунин донишкада ба мактаб-интернати рақами 1 ноҳияи Рўдакӣ 15 комплект мизу курсии мактабӣ ба маблағи 3000 сомонӣ кўмак расонид. Дар арафаи соли нав ба интернати ятимон ва бепарасторони Вазорати маорифи ҶТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи 2000 сомонӣ маводи хўрока харидорӣ карда шуд. Инчунин аз ҳисоби Иттифоқи касабаи кормандони донишкада ба маблағи аз 400 то 800 сомонӣ ба 10 устодони ниёзманд кўмак расонида шуд.