Дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Дастовардҳо - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Дастовардҳо
Дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Дар соли 2013 аз ҷониби КОА (ВАК) Федератсияи Россия се нафар устодони донишкада бо унвони илмии дотсентӣ ва як нафар бо унвонии илмии профессорӣ сарфароз карда шуданд;
-    дар соли 2013 1 семинари байнидонишгоҳӣ, 1 конфронси анъанавии устодону донишҷўён, 4 конфронси байналмилалӣ, 2 конфронси ҷумҳуриявӣ ва 8 семинару мизи мудаввар доир карда шуд. 
-    шумораи мақолаҳои илмии устодон низ дар соли 2013 ба маротиб боло рафта, 458 ададро ташкил намуд.
-    дар асоси хулосаи мусбии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф оид ба мавҷудияти имкониятҳои илмию методӣ, заминаи моддӣ-техникӣ ва таълимӣ ба донишкада барои таъсиси магистратура аз рўи ихтисосҳои “Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ”, “Сайёҳат ва меҳмоннавозӣ”, “Кори бонкӣ”, иҷозат дода шуд; 
    бори нахуст таълим дар курси аввали зинаи магистратураи ихтисоси 25010301 – “Иқтисодиёти ҷаҳон” дар соли таҳсили 2013-2014 бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

​- донишҷўёни навовару ихтироъкори факултети технологияҳои информатсионии донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии «МегаФорум», ки аз ҷониби ширкати мобилии “Мегафон” бо мақсади таҳияи сомонаи беҳтарин ташкил гардида буд, ширкат варзида, миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷойи аввал гардиданд.
-    донишҷўёни ихтисоси “Сайёҳат ва меҳмоннавозӣ”-и донишкада дар озмун-викторинаи телевизионии “Сайёҳ” ширкат варзида, миёни донишҷўёни макотиби олии кишвар сазовори ҷойи аввал гардиданд.
-    устоди калони донишкада Ҳасан Асоев барои тадқиқоти назаррас дар самти проблемаҳои ҳифзи муҳити зист бо қарори комиссияи парлумони мамлакат доир ба экология сазовори ҷойи I гардид;
-    донишҷўёни фаъоли донишкада дар даври  хотимавии олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ширкат варзида, 1 нафар аз фанни “Забони русӣ” сазовори ҷойи 3 ва ду нафар аз фанҳои “Назарияи иқтисодӣ” ва “Фалсафа” сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд;
-    дар соли 2013 - 12 нафар кормандон созовори унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” гашта, зиёда аз 20 нафар бо Ифтихорномаҳои Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ сарфароз гардонда шудаанд.