Дар самти фаъолияти таълимӣ: Дастовардҳо - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Дастовардҳо
Дар самти фаъолияти таълимӣ

- дар донишкада компютеркунонии раванди таълим босуръат идома дорад. Баҳри баланд бардоштани сифати таълим тамоми кафедраҳои донишкада бо ноутбук ва проекторҳо пурра таъмин гардиданд. Танҳо дар соли ҷорӣ 25 адад компютер, 6 адад принтери “се ба як”, ду доскаи электронӣ харидорӣ шудааст. 
- шумораи зиёди китобҳои дарсӣ аз рўи фанҳои гуногуни таълимӣ бо забони тоҷикӣ ва тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва нашр  гардиданд, ки баҳри таълим ва баланд бардоштани малакаи касбии донишҷўён нақши назаррас доранд. Аз он ҷумла, дар ин давра, 11 китоби дарсӣ, 46 дастуру васоити таълимӣ ва 10 монографияи илмӣ ба табъ расид.

 

​дар ин давра сифати таҳсилот боло рафта, сатҳи азхудкунии донишҷўён баланд гардид. Аз ҷумла, тибқи санҷише, ки дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2013-2014 экспертҳои шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар курсҳои чорум гузарониданд, натаҷаааш чунин мебошад: аз 221 нафаре, ки дар санҷиш иштирок карданд, 29 нафар ё худ 13,1% баҳои «аъло», 39 нафар ё худ 17,6% баҳои «хуб», 127 нафар ё худ 57,5% баҳои «миёна» ва 26 нафар ё худ 11,8% баҳои «2» гирифтанд. Ҳамин тариқ, 88,2% донишҷўён баҳои мусбӣ гирифтанд.
-    дар соли ҷорӣ зиёда аз 1871 нусха китобҳои дарсӣ харидорӣ карда шуд;   
-    дар соли таҳсили 2013-2014 раванди таълим дар донишкада 95% бо устодони доимӣ (штатӣ) таъмин карда шуд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин тўли фаъолияти донишкада мебошад;
-    нишондиҳандаҳои ҷамъбасти аттестатсияи давлатии хатмкунандагони Донишкада дар муқоиса ба соли гузашта сифатан беҳтар шудаанд: шумораи хатмкардагон ба 331 нафар кам, вазни хоси баҳои аъло – ба 1,3% зиёд, баҳои хуб – ба 10,6% зиёд, хубу аъло  - ба 2,6% зиёд, баҳои қаноатбахш – ба 7,8% кам ва баҳоҳои “Омехта”  ба 7,1% кам гардид. ​​
-    дараҷаи азхудкунии донишҷўёни таҳсили рўзона дар давраи фаъоли сессияи зимистонаи соли таҳсили 2013-2014 дар донишкада 78,5 %-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди сессияи зимистонаи соли гузашта 4.6 % (73,9 %) зиёд аст.  
-    дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2013-2014 теъдоди устодони соҳиби унвон ва дараҷаи илмӣ ба 77 нафар (11 доктори илм, профессор, 66 номзади илм, дотсент) расонида шуд; 
-    дар донишкада раванди татбиқи низоми кредитии таҳсилот аз соли 2007 оғоз гардида, имрўз таҳсил пурра тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст;
-    дар соли ҷорӣ як кабинети лингофонӣ ташкил карда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуд.
-    платформаи таълими фосилавии MOODLE таҳия шуда истодааст. Ин низоми қуллайи таълимии интерактивӣ мебошад, ки имкониятҳои зиёдро барои ҳамкории устод ва донишҷў пешниход менамояд.
-    бори аввал дар Донишкада 80 нафар донишҷў аз ҳисоби буҷети давлатӣ қабул карда шуд.