Дар самти корҳои ободонӣ ва хоҷагидорӣ: Дастовардҳо - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Дастовардҳо
Дар самти корҳои ободонӣ ва хоҷагидорӣ

Дар партави сиёсати бунёдкорӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада як қатор корҳои ободонӣ, таҷдиду сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Сол ба сол заминаи моддӣ-техникии донишкада таҳким ёфта, сохтори ташкилӣ-идоракунии он низ мукаммал мегардад. Дар ин давра, утоқҳои корӣ, долон ва синфхонаҳои биноҳои таълимии рақами якуми донишкада аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, баъди таҷдиди биноҳо иловатан 5 синфхонаи таълимӣ, 3 утоқи корӣ ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа масоҳати таълимии донишкада 200 метри мураббаъ васеъ карда шуд. Инчунин, дар ин давра 1 китобхонаи электронӣ ва парки технологӣ оид ба ҳунари заргарӣ таъсис дода шуд. Барои зебо сохтани саҳни ҳавлии донишкада корҳои кабудизоркунӣ ва ташкили гулгаштҳо амалӣ гардиданд.

Ҳамин тавр, роҳбарияти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат тасмим гирифтааст, ки дар партави баланд бардоштани сатҳи донишомўзии донишҷўён, омўхтани илмҳои замонавӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси муосир чораҳои муайянеро амалӣ созад, аз ҷумла: 
-    андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот;
-    тавсеаи татбиқи технологияҳои муосир дар раванди таълиму тарбияи мутахассисони муосир;
-    андешидани тадбирҳо ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва таъмини талаботи кафедраҳои тахассусӣ бо кадрҳои дорои дараҷаю унвони илмӣ;
-    ҷорисозии усулҳои муосир дар раванди таълим ва азхудкунии илмҳои замонавӣ;
-    сафарбар намудани омўзгорони донишкада ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ дар марказҳои таълимии хориҷӣ;
-    густариш додани робитаҳои илмии донишкада бо муассиса ва марказҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар; 
-    тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар самти соҳибкорӣ, туризм, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасонӣ ва ғайраҳо;
-    ба роҳ мондани мубодилаи байналмилалии донишҷўён;
-    истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ ва автоматизатсиякунонии раванди идоракунии донишкада;