Дар самти робитаҳои хориҷӣ: Дастовардҳо - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Дастовардҳо
Дар самти робитаҳои хориҷӣ


донишкада дар соли 2013 6 қарордоди ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои ватаниву хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ,  кишварҳои хориҷи дуру наздик ба имзо расонид, ки дар заминаи ин  қарордодҳо пайваста масоили табодули таҷрибаи пешқадам, қонфронсҳои илмӣ-амалӣ, сафарҳои кории хориҷӣ ба муассисаҳои якдигар, дастрасӣ ба дастоварҳои таълимӣ ва илмии якдигар ва амсоли ин ҳаллу фасл мегарданд.
    дар доираи қарордоду тафоҳумномаҳои расмии ҳамкорӣ устодони донишкада барои ба даст овардани адабиёти махсуси илмӣ ва аз ташхис гузаронидани масъалаҳои тадқиқотӣ дар марказҳои бонуфузи илмӣ-тадқиқотии ҷумҳурӣ ва берун аз он сафарҳои илмӣ анҷом доданд.
кафедари туризми донишкада чандин чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ-методӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ доир намуд, ки яке аз намунаҳои беҳтарини ба роҳ мондани ҳамкорӣ буда, метавонад барои дигар кафедраҳо мавриди омўзиш ва пайравӣ қарор гирад.
    донишкада ба даъвати IV-уми  Озмуни Барномаи Темпус аз рўи лоиҳаи “Ҳуҷҷатгузорӣ доир ба сифати барномаҳои таълимӣ» иштирок намуда, ғолиб омад, ки маблағгузории он  барои се сол пешбинӣ шудааст.  Шарикони донишкада дар ин лоиҳа макотиби таҳсилоти олии кишварҳои Олмон, Словения, Испания, Италия, Озорбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
    дар нимсолаи дуюми соли 2013 Донишкада дар озмуни барномаи TEMPUS- IV даъвати 6 иштирок намуда, ба лоиҳаи «Рушд ва беҳдошти маъмурияти донишгоҳ доир ба робитаҳои байналмилалӣ» ба ҳайси шарик пазируфта шуд, ки иҷрои барои солҳои 2014-2016 пешбинӣ гардидааст. 
    дар соли 2013 иҷроиши лоиҳаи «Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осиёи Марказӣ (HEICA - Higher Education Initiative for Informatics in Central Asia)» идома ёфт. Дар доираи лоиҳаи мазкур устодони донишкада сафарҳои хориҷӣ анҷом дода, такмили касб намуданд. Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи мазкур ба донишкада таҷҳизоти техникӣ иборат аз 20  компютери замонавӣ ва таҷҳизотҳои навтарин шабакавӣ ва сервер барои таъсис додани озмоишгоҳи муҳандисии компютерӣ ворид гардидааст.