ЛОИҲАҲО ВА ГРАНТҲО: Қисми илм ва робитаҳои хориҷӣ - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Қисми илм ва робитаҳои хориҷӣ
ЛОИҲАҲО ВА ГРАНТҲО

   Тӯли бештар аз чор -панҷ соли охир, бо имзо намудани қарордодҳои ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ робитаҳои гуногунҷабҳаи донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳои ватаниву хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ  ба таври мунтазам ва самарабахш ба роҳ монда шуд. Асосан ҷустуҷӯ ва дарёфти бурсу лоиҳаҳои дохиливу байналмилалии тақрибан 11 сол пеш шурӯъ шуда, то соли 2008 дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дошт. Агар ба таърихи ин масъала назар афканем, мебинем, ки то имрӯз натиҷаҳо чунин аст:

1.Соли 2002-2003 дар озмуни Институти ҷомеаи кушоди Бунёди мадади Тоҷикистон- Кӯмак ба кафедраҳои ҷомеашиносӣ- Лоиҳаи Кафедраи назарияи иқтисод(мудираш профессор Ҷӯрабоев Ғ) –ғолиби озмун гардида, соҳиби бурси аввалин шуд, ки маблағи он 4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод

2.Соли 2004 барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни курси панҷум макотиби олии ҷумҳумҳурӣ аз тарафи Барномаи Бизнес ва маълумоти иқтисодӣ (B&EI) бо дастгирии молиявии USAID Лоиҳаи Кафедраи назарияи иқтисод (мудираш профессор Ҷӯрабоев Ғ) –ғолиби озмун гардида, бо дарёфти маблағи 3,5 ҳазор доллари ИМА донишкада соҳиби бурси дуюм гардид,

3.25 декабри соли 2008 барои таъсиси додани кафедраи «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» аз тарафи Институти ҷомеаи кушоди Бунёди мадади Тоҷикистон дар байни макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон карда шуд. барои иштирок кардан дар ин озмун профессор Ҷурабоев Ғ. лоиҳа пешниҳод намуд ва ғолиби озмун гардид. Ҳамин тавр, дар донишкада Кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ таъсис дода шуд. Ин бурси сеюм буда ҳаҷми умумии он 22029.125. доллари ИМА мебошад.

4.    Маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм», ки аз ҷониби кафедраи Туризм дар ҳамкорӣ бо Академияи Илмҳои ҶТ пешниҳод шуда буд, аз моҳи январи соли 2011 шурӯъ шуд. 

   Ин лоиҳа соли 2009 ғолиб омада, барои се сол пешбинӣ шуда буд ва ҳаҷми он барои як сол ба 106 ҳазор сомонӣ баробар  аст. Ахамияти муҳим доштани ин лоиҳаро ба инобат гирифта, ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод, ки маблағгузории он барои 2 соли оянда идома дода шавад.

5.  Дар даъвати 1V-уми Озмуни Барномаи Иттиҳоди Аврупо Темпус «Ҳуҷҷатгузорӣ оиди сифати нақшаҳои таълимӣ», таҳти рамзи 517340- 2011 DOGUP. Донишкада дар шахси кафедраи Туризм(мудираш дотсент М. Қодирова) ғолиб омад, ки фаъолияти он барои се соли оянда: 2012-2014 пешбинӣ шудааст. Шарикони донишкада дар ин лоиҳа  Олмон, Словения, Испания ва Италия, Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон мебошанд.

6.  Бо дастгирии Ассотсиатсияи Ташкилотҳои туристии Тоҷикистон ва   Ҷамъияти  хайриявии («хадамоти волонтёрони хориҷӣ»)VSO дар Тоҷикистон бо ташаббуси устоди кафедраи Туризм Тео van de Laar донишкада , бо маблағи 3800 сомонӣ соҳиби як  гранти хурд гардида, бо таҳияи нақшаи таълимӣ ва  методӣ аз моҳи декабр дар  назди кафедра курси кӯтоҳмуддати «Роҳбалади шаҳри Душанбе»-ро ташкил намуд, ки дар он курс 18 нафар донишҷӯёни курсҳои 1,3,4 –уми ихтисоси «Туризм» таҳсил карда, соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардиданд. 

7.  Дар доираи Бурси Барномаи  ИА Темпус оид ба лоиҳаи «Коркард ва ҷорӣ намудани сохтори  тарбияи рушди устувори рӯҳияи соҳибкорӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар ҳамкорӣ бо Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикстон  гимназияи донишкада ба ҳайси маркази пилотӣ солҳои 2010-202 штирок ва фаъолият намуд.

   Дар доираи ин барнома устодони литсей ва донишкада ба як қатор кишварҳои хориҷӣ сафар карда дар семинар-тренинг ва машваратҳои корӣ иштирок ва баромад намуданд. Аз ҷумла, омӯзгори литсеи донишкада Каримова Саида ва ассистенти кафедраи Иқтисодиёт ва идоракунии соҳибкорӣ  Баёнова Мунира дар тренинги шаҳри Прага фаъолона иштирок намуда, дарсҳои кушод гузарониданд.

   Дар доираи ҳамин барнома дар литсеи  донишкада як ширкати таълимӣ таъсис ва бо техникаи навтарини таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

   Донишкада соли 2011 вориди бурси дигари барномаи ТЕМПУС доир ба лоиҳаи ««Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осиёи Марказӣ (HEICA - Higher Education Initiative for Informatics in Central Asia)»,» гардид, ки ҳамкорони он Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Қирғизистон, Донишгоҳи техникии Қирғизистон,  Донишгоҳи технологӣ - иттилоотии ш. Тошканд, Донишкадаи саноати сабуки ш. Бухоро ва Донишгоҳи техникии ш. Дрездени кишвари Олмон мебошанд. 

Ҳадафҳои муҳимтарини лоиҳа инҳо буд:

1.  Муайянкунии афзалиятҳои асосии нақшаҳои таълимӣ;

2.  Гирифтани мазмуни асосии фанҳои таълимӣ аз шарикони аврупоӣ ба шарикони осиёгии лоиҳа;

3.  Баландбардории савияи касбии омӯзгорон дар соҳаи илмҳои компютерӣ ва усулҳои муосири таълим;
4.  Харидори намудани таҷҳиҳотҳои техникии замонавӣ барои ташкил намудани озмоишгоҳи (лаборатория) муҳандисии компютерӣ ва дастгирии барномаҳои нав;5.  Харидории таъминоти

барномавӣ барои устувории лоиҳа;

6.  Аккредитатсияи барномаҳои таълимӣ.  

   Дар давраи амалишавии лоиҳаи мазкур аксарияти ҳайати устодони фаъоли кафедра ҷалб гардида, аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ дар конфронсҳои дар шаҳрҳои Дрезден (Олмон), Каунас (Литва), Карлштат (Шветсия), Тошканд (Ӯзбакистон), Бухоро (Ӯзбакистон) ва Душанбе (Тоҷикистон) гузаштанд. Дотсентон Шарапов Дилшод Саъдуллоевич (6 маротиба), Раҳмонов Зоҳир Файзалиевич (3 маротиба), устодони калон  Гадоев Абдурашид Файзуллоевич (5 маротиба), Давлатов Раҳматулло Ҷурабекович (4 маротиба), Исоев Исо Ниёзович (1 маротиба), Ҳасанов Бобоҷон Гадоевич (1 маротиба), Қадамшоев Ноибшоҳ Улфатшоевич (1 маротиба) ва устоди кафедра Шарипов Ҷавоҳир Шарипович (1 маротиба) дар якчанд чорабиниҳо ва конфронсҳои лоиҳа фаъолона ширкат варзида, соҳиби сертефикатҳои байналмилалӣ  дар модулҳои “Муҳандисии компютерӣ”, “Амнияти иттилоотӣ” ва “Муҳандисии барномавӣ” гардидаанд. 

 

Дар доираи лоиҳаи номбаршуда дар донишкада

натиҷаҳои зерин ба даст омадаанд:


1. 8 нафар устоди кафедра ва ноиби ректор оид ба таълим тавассути сафарҳои хориҷӣ ва иштирок дар чорабиниҳои доираи лоиҳа    аз такмили ихтисос гузашта, соҳиби сертефикатҳои байналмилалӣ гардиданд (дар маҷмӯъ 26 маротиба);
2.  Доираи ҷаҳонбинӣ, савияи касбӣ ва сатҳи забондонии устодони кафедра аз забони англисӣ беҳтар гардид; 
3.  Танзими пураи барномаи таълимии донишҷӯёни низоми таҳсили кредитии ихтисоси 40010202 – «Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт» иҷро гардид. Дар доираи ин барнома донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо: Донишгоҳи техникии шаҳри Дрезден (Олмон), Донишгоҳи технологии Каунас (Литва) ва Донишгоҳи Карлштат (Шветсия) ташаббус нишон дода, дар ҷодаи «Муҳандисии компютерӣ», «Бехатарии иттилоотӣ» ва «Таъминоти барномавӣ» ёрии методиву амалӣ расонанд. 
4.  Маводҳои таълимии модулҳои аврупоии иштирокчиёни лоиҳа (курсҳои лексия ва намоишномаҳои пешниҳодгардида) бо забони тоҷикӣ тарҷума ва дастрас карда шуданд;
5.  Дар доираи лоиҳаи мазкур ба донишкада таҷҳизоти техникӣ иборат аз 20  компютери замонавӣ ва таҷҳизотҳои навтарин шабакавӣ, сервер, бо маблағи 21993,05(бисту як ҳазору нуҳсаду нуҳ) евро барои таъсис додани озмоишгоҳи муҳандисии компютерӣ ворид гардидааст. 
6.  Ба донишкада 30 адад дастгоҳи FPGA бо маблағи $2050 ворид гардид. Ин таҷҳизоти муосири муҳандисии компютерӣ барои ин озмоишгоҳ аз тарафи лоиҳа харидорӣ гардидааст;
7. Харидори таҷҳизоти техникии “бехатарии иттилоотӣ” дар марҳилаи анҷомёбист.
8. Дар доираи лоиҳаи мазкур инчунин харидорӣ намудани адабиётҳои фаннӣ дар назар дошта шуда буд. Устодон баъд аз сафари охирон аз шаҳри Маскав ҳамаи он адабиётҳои тавсия намудаи лоиҳаро дастрас намуданд. Маблағи умумии адабиётҳои харидоришуда 4000 евроро ташкил медиҳад;

9. Дар чаҳорчуби лоиҳа дар донишкада ду ихтисоси нав кушода шуд: 40010204 - Бехатарии иттилоотӣ ва 40010208 - Муҳандисии компютерӣ. Аввалин донишҷӯён ба ин ихтисосҳо шомил гардиданд. Тадбиқи амалии лоиҳаи мазкур маҳз дар ҳамин ихтисосҳо пиёда мегардад;

10. Дар доираи лоиҳа байни донишгоҳҳо меморандуми ҳамкориҳои оянда ба имзо расид ва умед аст, ки дар ин замина дар оянда ҳамкориҳои васеътар ба роҳ монда мешавад ва имконияти дар доираи УШОС ба магистратураи муштарак фаро гирифтани шогирдон ба вуҷуд меояд.

    Дар доираи лоиҳаҳои грантӣ дар 3 соли охир устодону кормандони донишкада ба кишварҳои хориҷии дуру наздик бештар аз 40 сафари корӣ анҷом дода, аз таҷрибаи ҳамтоёни хориҷии худ баҳравар гашта, беҳтарини онҳоро дар раванди таълиму тарбия ва тадқиқотҳои илмӣ ҷорӣ намуданад.

   Боиси қаноатмандст, ки соли дуюм Қисми илм ва робитаҳои хориҷӣ дар шахси сармутахасиси шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ, дотсент Ҳайбатов Н.В. дар доираи аз рӯи лоиҳаи "Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ"("Development and improvement of the University Administration on International Affairs") ба ҳайси шарик  фаъолият. Акнун имконият ба вуҷуд омад, ки то соли 2016) таҷрибаи шарикони лоиҳаро аз кишварҳои гуногуни дунё доир ба масоили мухталифи робитаҳои хориҷии макотиби таҳсилоти олӣ омӯхта, сатҳу сифати кори Қисми робитаҳои хориҷӣ ва дигар зерсохторҳои донишкадаро вобаста ба меъёрҳои байналмилӣ  дар самти самти робитаҳо куллан беҳтар намоем.

   Бо мақсади мониторинги рафти иҷрои корҳо дар доираи лоиҳа  аввали моҳи маи соли ҷорӣ намояндаи координатори аврупоии лоиҳа, сардори департементи робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон, доктори илмҳои иқтисод, профессор     Муслим Иброҳимов, координатори тоҷикистонии лоиҳа, сардори шӯъбаи робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хӯҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,  дотсент  Темур Каримов ба донишкада   расман ташриф оварданд.

   Сараввал меҳмононро ректори донишкада, профессор Диловар Қодиров ба ҳузур пазируфта, аз номи роҳбарияти донишкада   ба онҳо барори кор ва комёбиҳо таманно намуд. Профессор Қодиров инчунин омодагии донишкдаро барои ривоҷи минбаъдаи робитаҳои донишкада, на танҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи ИА - Темпус, балки бо тамоми шарикони лоиҳа, бахусус байни Донишкдаи соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон изҳор намуд.

   Дар рафти гузаронидани мониторинг маълум шуд, ки  дар доираи нақшаи кории лоиҳа дар  донишкада  корҳои зиёд гузаронида шудааст. Пеш аз ҳама бо нашри ахборот дар сомонаи донишкада баъд аз анҷоми сафарҳои хориҷӣ ва чопи мақолаҳо дар матбуоти даврии    ҷумҳуриявӣ доираи васеи устодону донишҷуён ва ҳаводорони робитаҳои хориҷӣ аз мақсад ва мазмуну муҳтавои лоиҳа огоҳ гардиданд. Илова бар ин,  чор сафари хориҷии устодони донишкада ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, Италия ва Испания ба фаҳмиш, дониш ва маҳорату малакаи онҳо дар самти дуруст ба роҳ мондани робитаҳои хоричии донишкада ба таври назаррас мусоидат намуд.  Маҳз ҳамаи ин имкон фароҳам овард, ки дар заминаи таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи кунунии идоракунии масоили байналмилалӣ дар донишгоҳҳои аъзои лоиҳа аз Озарбойҷон, Украина, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва дар асоси таҷрибаи макотиби олии кишварҳои пешрафтаи аъзои лоиҳа - Британия Кабир, Испания ва Италия сармутахассиси шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ, дотсент Н.В. Ҳайбатов як қатор ҳуҷҷатҳои барои рушди минбаъдаи робитаҳои хориҷии донишкада муҳимро, аз қабили:
  1. Нақшаи стратегии байналмилаликунонии ДСХ барои солҳои 2015-2020;
  2. Нақшаи байналмилаликунонии идораи робитаҳои хориҷии ДСХ;
  3. Нақшаи ворид гардидани ДСХ ба рӯйхати рейтингкунонии байналмилалии донишкадаву донишгоҳҳо таҳия намуда барои баррасӣ  ва тасдиқ Шӯрои олимони донишкада пешниҳод намуд.

   Матни ҳуҷҷатҳои зикргардида бо забонҳои русӣ дар маҷалаи“Соҳибкор”  ва дар шакли китобчаҳои алоҳида ба забони англисӣ нашр карда шуданд, ки дар рушд ва такомули минбаъдаи робитаҳои хориҷии донишкада нақши муассир хоҳанд бозид.

   Хулоса, ҳам координатори аврупоӣ ва ҳам координатори тоҷикистонии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо-Темпус – “Рушд ва такмили идораи донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ” ба фаъолияти дастаи лоиҳаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат баҳои баланд дода, аз натичаҳои бадастоварда изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

   Дар навбати худ координатори аврупоии лоиҳа, сардори департементи робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон, доктори илмҳои иқтисод, профессор Муслим Иброҳимов хотиррасон намуд, ки мувофиқи нақшаи кории лоиҳа дар оянда бояд сохтори идораи робитаҳои хоричии ДСХ дар самти кор бо донишҷӯён, кор бо лоиҳаҳо, шартномаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба  ва дигар масъалаҳо васеътару пурмазмунтар гардонида шавад. Инчунин теъдоди кормандони бахши робитаҳо, вобаста ба дигар шудани сохтор, бояд зиёдтар ва вазифахои хизматии ҳар кадоми онҳо мушаххас гардонида шавад.

​   Дар баробари гузаронидани мониторинг профессор Муслим Иброҳимов доир ба рушди робитаҳо байни Донишкдаи соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо донишҷӯёни ихтисоси  “ Иқтисодиёти ҷаҳон” дар мавзӯъҳои “Масоили мубрами иқтисодиёти ҷаҳон”, “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ” ва “Зинаҳои рушди касбӣ ва нақши забони англисӣ дар ҷаҳони муосир” машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ гузаронид.

   Меҳмонон инчунин аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди “Қалъаи Ҳисор”, “Осорхонаи Миллӣ” ва “Боғи Ирам” доир ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни бою қадимаи тоҷикон як ҷаҳон тассуроти нек бардошта, дар дафтари хотироти ин мавзеъҳо хотираҳои худро сабт намуданд.

             

Омодакунанда: Сармутахассиси шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ, дотсент Н. В. Ҳайбатов.