Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ: Қисми илм ва робитаҳои хориҷӣ - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Қисми илм ва робитаҳои хориҷӣ
Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ

Ҳайбатов Нормат Валиевич
Сармутахассиси Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ
Суроға: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5
Тел: (+992 37) 234-88-03
+992   951541071; 919669599
E-mail: haibatov@mail.ru;
normatvalizade@bk.ru

 

          Самтҳои фаъолият

Самтҳои асосии фаъолияти Қисми робитаҳои хориҷӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- бароҳмонӣ ва рушди минбаъдаи алоқаҳои самараноки ҳамкории муфиди донишкада бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии ҷаҳон, тайёр кардани барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, маориф ва фарҳанг, аз ҷумла:
- иштирок дар коркарди созишномаҳо, барномаҳои корӣ, лоиҳаҳо бо ҳамкорони хориҷӣ, назорат аз рӯи иҷрои онҳо;
- гузаронидани конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиумҳо, семинарҳо ва намоишгоҳҳо дар пояи донишкада;

- фиристодани устодон, аспирантон ва донишҷӯёни донишкада ба хориҷа барои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва мубодилаи таҷриба;
- ба донишкада даъват намудани мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ барои гузаронидани лексияҳо, машваратҳо ва тадқиқотҳои муштараки  илмӣ, расонидани ёрии методӣ дар мукаммалсозии сохтор ва низоми таълим;
- батартибдарорӣ ва баҳосибгирии даъвати мутахассисони хориҷӣ, ташкили қабули ҳайати вакилони хориҷӣ, ки ба донишкада дар сатҳи раёсат ташриф меоранд, тайёр намудани барномаҳои боздид ва лоиҳаи хароҷотҳо доир ба қабули ҳайати вакилон; 

Татбиқи чораҳо оид ба васеъсозии содироти хидматгузориҳои маълумотнокӣ, аз ҷумла:

- амалӣ сохтани ҳамкории мутақобила бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ аз рӯи масъалаҳое, ки ба робитаҳои байналмилалӣ, боздид ва таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ алоқаманданд;
Таъмини амаликунии мутақобилаи қисматҳои сохтории донишкада дар соҳаи ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла: 
- тайёр намудани пешниҳод оид ба муайянсозии самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии донишкада;
- тайёр намудан ва таҳлили ҳуҷҷатҳое, ки фаъолияти байналмилалиро дар донишкада ба тартиб медароранд (низомномаҳо, фармонҳо, тавсияҳои методӣ ва ғайра), инчунин самаранокии сафарҳои корӣ ба хориҷа;
- мутобиқгардонии кори қисматҳои донишкада оид ба иштирок дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ;
- расонидани ёрии методӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ба қисматҳои сохтории донишкада оид ба коркарди барномаҳо ва нақшаҳои таълимию методӣ, масъалаҳои тайёр кардани мутахассисон барои давлатҳои хориҷӣ, инчунин гузаронидани чорабиниҳои байналмилалӣ.