ВАРЗИШ ВА ФАРОҒАТ: Ба донишҷӯ - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Ба донишҷӯ
ВАРЗИШ ВА ФАРОҒАТ

   Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳифзи муҳити зист фаъолияти таълимӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявии худро дар асоси нақшаи кории факултети туризм ва хадамоти гумруки  тартиб додааст.

   Кафедраи Тарбияи ҷисмонӣ ва ҳифзи муҳити зист барои барқарор намудани муносибатҳо бо донишкадаҳои дигари ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

   Қайд намудан зарур аст, ки аз тарафи устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳифзи муҳити зист дар соли ҳисоботи мақолаи илмӣ ба чоп расонида, инчунин дар  чорабиниҳои  варзиши дар дохили донишкадавӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалии варзиши низ иштирок намуда, ҷойҳои сазоворро ишғол менамоянд.

   Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”,  ҳайати кафедраи мо дастаҷаъмона фаъолият карда, тамоми дониш қувва, малакаю маҳорати омӯзгориашонро баҳри боз ҳам пурзӯр намудани самтҳои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш равона менамоянд. Инчунин барои амалӣ намудан ва таҳким бахшидан ба тарзи ҳаёти солими донишҷӯён самараноктару беҳтар кор мекунанд

             

Мусобиқаҳои  варзишии баргузоршуда дар соли 2016 

 

​     Аз 24-29 декабри соли 2015 Спартакиадаи донишҷӯёни н. Фирдавси бахшида ба “Соли нави мелодии 2016” аз намудҳои «шоҳмот», «тенниси руи миз», «гуштини миллӣ» мусобиқаҳо гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа аз намуди варзишии гуштини миллӣ Алиев Зафар ҷои дуюмро, Каримов Фирдавс ҷои сеюмро, аз намуди варзишии «шоҳмот» Сатторова Нилуфар ҷои дуюмро ишғол намуданд.
 


 

​    Аз 15.02. то 20.02.2016 Мусобиқа бахшида ба рӯзи “Артиши миллии ҶТ ” аз намудҳои «бандкашӣ», «турниккашӣ» ва «ҷаҳидан аз ҷои ист» гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа аз намуди турниккашӣ:

 

Ҷойи якумро Алиев З. ишғол намуд;

Ҷойи дуюмро Пиров Х ишғол намуд;

Ҷойи  сеюмро Олимов Ф ишғол намуд.
 


 

​    Аз 01 март то 18 марти соли 2016 мусобиқа оиди «Армреслинг», «Шоҳмот» ва «Тенниси рӯи миз»  бахшида ба таҷлилии иди байналмилалии «Наврӯз» гузаронида шуд. Аз намуди «шоҳмот» -18 нафар донишҷӯ, аз намуди «тенниси рӯи миз» - 20 нафар донишҷӯ, аз намуди «Армреслинг» - 28 нафар донишҷӯёни донишкада фаъол иштирок намуда, ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд.

 


 

​  ​  Аз 03.03. то 18.03.2016 бахшида ба таҷлилии иди байналмилалии «Наврӯз» мусобиқаи “Футболи хурд” байни донишҷӯён  ва устодони донишкада гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа устодон ва донишҷӯёни донишкада фаъол иштирок намуданд.      Чорабинии варзишии мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, истироҳат, фароғат, барқарор ва мустаҳкам намудани саломатӣ, таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рафоқати ҳайати байни устодон ва донишҷӯён, муайян намудани  ғолиб ва интихоби аъзоёни донишкада дар фазои хуби дӯстонаи варзишӣ, гузаронида шуд.

 


 

    Аз 17 то 27 апрели соли 2016 «Спартакиадаи шаҳри» байни  донишҷӯёни ҶТ, мусобиқа аз намуди «Бокс» гузаронида шуд, дар ин мусобиқа Азизи Дорюш ҷои дуюмро ишғол намуд.

    Аз 04 то 07 майи соли 2016 мусобиқаи “Байналмилалии Осиёи” байни донишҷӯён, мусобиқа  аз намуди варзишии “Бокс”, дар маҷмуаи варзишии ш.Душанбе  гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа Азизи Дорюш ҷои дуюмро ишғол намуд.


 

   Рӯзҳои 04 ва 05 майи соли 2016 мусобиқа бахшида ба рӯзи 71 солагии иди “Ғалаба” байни донишҷӯёни  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  аз намуди варзишии «Найза партофтан»  «Шоҳмот»,  «Шашка» ва  «Давидан ба масофаи 3000 м», гузаронида шуд.  Дар ин мусобиқа  16 нафар донишҷӯён аз намуди шашка, 18 нафар донишҷӯён аз намуди шоҳмот ва 32 нафар донишҷӯён аз намуди давидан ба масофаи 3000 м  иштирок карданд.

   Аз 27 октябр то 04 ноябри соли 2016 дар мактаби байналмилалии Президентӣ мусобиқа оид ба «Футболи хурд», барои дарёфти «Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», бахшида ба таҷлили 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи ҶТ, таҳти шиори «Варзиш барои ҷомеаи солим» баргузор гардид. Дар ин мусобиқа устодони Донишкадаи мо низ фаъол иштирок намуданд.


 

    Санаи14 - 15 ноябри соли 2016 байни донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оид ба «Вазнбардорӣ», тибқи Низомномаи  тасдиқгардидаи мусобиқот, бахшида ба  иди «Рӯзи президент» баргузор карда шуд. Чорабинии варзишии мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, истироҳат, фароғат, барқарор ва мустаҳкам намудани саломатӣ, таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рафоқати ҳайати байни донишҷӯён, муайян намудани  ғолиб ва интихоби аъзоёни донишкада дар фазои хуби дӯстонаи варзишӣ, гузаронида шуд.

     Дар ин мусобиқа донишҷӯёни курсҳои якуми панҷ факултет, гурӯҳҳои 25010402, 89010101, 40010104, 96010102, 27010116 ва 26010101 иштирок намуданд.

    Ҷамъбасти мусобиқаи «Вазнбардорӣ», донишҷӯёни донишкада,  аз панҷ гурӯҳ  25  нафар варзишгарон иборат буда,фаъолона ширкат намуданд.              

Ғолиб  ба тариқи зайл муайян  шуд:

Ҷои I-ум. Донишҷӯӣ  курси 1, гурӯҳи  25010402  ба  Каримов Эмомали.

Ҷойи 2-ум.Донишҷӯӣ курси  1 ,гурӯҳи 25010402 ба Шаҳриёров Умедҷон.

Ҷойи 3-ум. Донишҷӯи курси  1, гурӯҳи 89010101 ба Каримов Карим дода шуд.