СОЗМОНИ ҶАВОНОНИ ДОНИШКАДА: Созмони Ҷавонон - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Созмони Ҷавонон
СОЗМОНИ ҶАВОНОНИ ДОНИШКАДА

Раиси созмони ҷавонон - Абдиев Ҷамшед Хуршедович
Барои тамос:  734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, утоқи 7.
Тел.: 981022166
Email: javonon@dsx.tj

 

 

 

 


 

     Фаъолияти кории Созмони ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дар асоси талаботҳои нақшаи чорабиниҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат 04.07.2013 баён гардида буд ва «Нақшаи кории Созмони ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат барои соли таҳсили 2013 – 2014» ба роҳ монда шудааст.

     Фаъолияти кории Созмони ҷавонон пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, хештаншиносӣ, дар равияи ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ, тарбия намудани насли наврас ва ҷавонӣ кишвар равона карда шудааст.

   Созмони ҷавонон силсила чорабиниҳои оммавии дохилидонишкадавӣ ва берун аз онро ташкил намуда, дар онҳо фаъолона иштирок менамояд.

 

     Конфронс дар Кохи Ваҳдат оид ба Анҷумани Х-уми Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон ба пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президентии Ҷумхурии Тоҷикистон.
 Чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бахшида ба рӯзи «Омӯзгорон», аъзоёни Созмони ҷавонон ташкилкунанда ва иштирокчии фаъоли чорабинии мазкур.

     Вохӯрии донишҷӯён бо Раисони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ноҳияи Фирдавсӣ Қурбонов Д. ва Саймуддинов А.

     Гузаронидани як қатор чорабиниҳои фароғатӣ – маърифатӣ  ҷавондухтарон ва ҷавонписарон байни муассисаҳои олӣ.
Иштироки фаъолонаи Раиси Созмони ҷавонон ва созмонҳои ҷавонони факултетҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар интихоботи президентӣ бо супориши кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсӣ.
Ҷашнгирии иди Наврӯзи Аҷам ва иштироки фаъоли аъзоёни Созмони ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.
     Чун анъана бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди СПИД гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо донишҷӯён.

 Гузаронидани чорабиниҳои шабнишинӣ ва сурудхонӣ бо нависандагон ва шоирони тоҷик – нависанда ва шоира Бону Шокирова.

 

Иштироки фаъоли аъзоёни Созмони ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар рӯзи “Дарҳои кушод”.
Аз тарафи Шӯрои Созмони ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҳамарӯза вобаста ба масъалаи риояи сарулибоси тавсиявӣ, дар ҷараёни дарс истифода накардани телефонҳои мобилӣ ва бо мошинҳои шахсӣ наомадани донишҷуён сӯҳбатҳо, вохӯриҳо ва рейдҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.
     Умуман фаъолияти кории Созмони ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  ба он равона карда шудааст, ки иҷроиш ва риояи дастуру супоришҳои сарвари давлат Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва технологияҳои навӣ Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарафдорӣ ва иҷро намояд.