ЧОРАБИНИҲОИ ТАРБИЯВӢ : Қисми тарбия - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Қисми тарбия
ЧОРАБИНИҲОИ ТАРБИЯВӢ

Бо мақсади тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори шаҳрвандии ҷавонон ва тарбияи ғоявӣ, сиёсӣ ва маърифатию фарҳангии насли наврас аз тарафи Қисми тарбия чорабиниҳои тарбиявии гуногун ба нақша гирифта шуда, дар баргузории ин чорабиниҳо созмонҳои ҷамъиятии донишкада, ҷонишинҳои деканҳо оид ба тарбия ва донишҷӯёни бомаҳорат ва пешқадами донишкада ҳиссагузорӣ менамоянд.

Бо мақсади тарбияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, тафаккури интиқодӣ, масъулиятшиносӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон мунтазам вохӯриҳо бо намояндагони ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, РКД-и шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, Кумитаи варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсӣ, намояндагони Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

 

 

Бо мақсади ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла бо мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирӣ намудани сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар донишкада «Дружинаи ихтиёрӣ»-и донишҷӯён таъсис дода шудааст. Дар ҳайати «Дружинаи ихтиёрӣ» 38 нафар ҷавонписарони ихтиёрӣ таҳти роҳбарии ассистенти кафедраи Хизматрасонии бонкӣ Тоиров М.И. муттаҳид гаштаанд. Онҳо мунтазам дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия фаъолона ҳиссагузорӣ менамоянд.

Ҷиҳати баланд бардоштани завқи зебопарастии ҷавонон ва тарбияи маърифатӣ, фарҳангӣ ва миллии онҳо қисми тарбияи донишкада бо театрҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, бо намояндагони илму адаб ва санъати тоҷик мунтазам вохӯриҳо ташкил менамояд.
Тамоми чорабиниҳое, ки аз тарафи қисми тарбия ба нақша гирифта мешаванд, барои тарбияи ҷавонписарону ҷавондухтарон дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, эҳё намудани анъана ва арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи меҳнатӣ ва зебопарастии онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо, аз ҷумла тарбияи занону духтарон барои тарзи ҳаёти солим, танзими оилаю оиладорӣ ва ба камол расонидани фарзандони солим равона карда шудаанд. 

 

 

 

 

 

 

 Кори тарбиявӣ дар хобгоҳи донишкада зери назорати доимии шуъбаи тарбия қарор дорад. Мутасаддиёни хобгоҳ ва намояндагони кафедраҳои донишкада дар асоси нақшаи корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳи донишкада мунтазам чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, илмӣ ва рӯзҳои санитарӣ баргузор менамоянд. Ҳамзамон бунгоҳи тиббии назди донишкада таҳти сарварии мудираш Раҳмонова Ш.А. ва ҳамшираи шафқат Бобоҷонова Н. дар ташкил ва гузаронидани ин чорабиниҳо бо шуъбаи тарбияи донишкада ҳамкорӣ намуда бо истиқоматкунандагони хобгоҳ доир ба риояи тозагӣ, гигиенаи шахсӣ ва истеъмоли хӯроки солим ва фоидаовар суҳбатҳо менамоянд.