СОЗМОНИ ҶАВОНОНИ ДОНИШКАДА: Созмони Ҷавонон - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Созмони Ҷавонон
СОЗМОНИ ҶАВОНОНИ ДОНИШКАДА

Раиси созмони ҷавонон - Абдиев Ҷамшед Хуршедович
Барои тамос:  734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, утоқи 10.
Тел.: 981022166
         939274274

Email: javonon@dsx.tj

 

 

 


   "Мо тараққиёти ҳаматарафаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриро бе иштироки мутахассисони ҷавон тасаввур намекунем."

Эмомалӣ Раҳмон

Сарфарозист ин ба мо соли ҷавонон дӯстон,

Чун ки кард эълон онро баҳри мо Пешвоямон.

ФАЪОЛИЯТИ КОРИИ БАХШИ ҶАВОНОН

   Фаъолияти  Бахши ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбии донишкада ҳамчун зертобеи Шӯъбаи тарбия арзи вуҷуд дошта, ҷиҳати татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи туризм”,  “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии тарбия”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар асоси талаботҳои нақшаи чорабиниҳои ягонаи Шӯрои мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муасисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Шӯъбаи тарбия фаъолияти худро ба   роҳ  монда  баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ  Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат 22-юми декабри сли 2016 баён гардида буд, «Нақшаи кории Бахши ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат-ро барои соли таҳсили 2016 – 2017» таҳия ва тасдиқ карда, аз рӯи он мунтазам амал менамояд.

   Яке аз масъалаҳои марказӣ, ки дар Паёми солонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, ин эълон намудани соли 2017 “Соли ҷавонон” мебошад.

    Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар Паём қайд намуданд, ки “...Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

   Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

   Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.

   Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

   Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

   Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

   Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда шавад”.

   Пас мо ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.

   Ба ин мақсадҳои некбинона, Бахши ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, хештаншиносӣ, дар равияи ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ, тарбия намудани насли наврас ва донишҷӯёну олимони ҷавони донишкада бо мақсади баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ, ташаккул ва рушд додани санъат ва фарҳангдӯстии ҷавонон, таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву рукнҳои давлатдории навин, баланд бардоштани нерӯи зеҳнии онҳо, дастгирию ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои ояндасоз фаъолияти кории худро торафт бештар густариш дода, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, тақвияти ҷиҳатҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию варзишӣ, рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дустӣ, ягонагии ҷавонон, донишҷӯён ва олимони ҷавон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, тарбияи донишҷӯён дар руҳияи эҳтироми миллӣ, хат, забон, урфу одат ва амалӣ гардонидани иқтидори эҷодии донишҷӯёну кормандон ва олимони ҷавони донишкада, ҷалби онҳо ба идора ва роҳбарии ташкилотҳою иттиҳодияҳои ҷавонон  ва дигар самтҳо, ки дар шахсияти ҷавонон ҳиссаи арзанда мегузорад, доимо дар паи ҷустуҷӯи навгониҳои  асри нав фаъолияти ҳадафраси худро идома дода истодааст.

   Фаъолияти  Бахши ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон чуноне, ки дар боло қайд кардем, тибқи  нақшаи корӣ амалӣ мегардад.  Вобаста ба нишондоди нақшаи корӣ охири хафтаи ҳар моҳ ҷаласаи Шӯрои донишҷӯён доир мегардад.

СОХТОРИ БАХШИ ҶАВОНОНИ ДОНИШКАДА

 Сохтори Бахши ҷавонони донишкада аз Шӯрои донишҷӯён ва Созмонҳои ҷамъиятии факултетҳо иборат аст.

Шӯрои донишҷӯёни донишкадаро Абдиев Ҷамшед Хуршедович  роҳбарӣ менамояд.

Бахши ҷавонони донишкада панҷ Бахшҳои ҷамъиятии факултетҳоро муттаҳид месозад:

   1.      Бахши ҷавонони факултети “Соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон”: раис –  Меҳрони Давронбеки Хушвахтзода;

   2.      Бахши ҷавонони факултети “Технологияҳои информатсионӣ”: раис –Ғаниев Муборакшо Абдуғаниевич;

   3.      Бахши  ҷавонони факултети “Баҳисобгирӣ – иқтисодӣ”: раис –      Давлатов Фарухҷон Акрамҷонович;

   4.      Бахши ҷавонони факултаи “Туризм ва хадамоти гумрукӣ”:  раис – Умурзоқов Дилшод Абдуқодирович;

   5.      Бахши  ҷавонони  факултети  “Хизмати  молиявӣ”:       раис –  Қозиев Фариддун Неъматуллоевич.