ШУЪБАИ ТАРБИЯ ДОНИШКАДА: Қисми тарбия - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Қисми тарбия
ШУЪБАИ ТАРБИЯ ДОНИШКАДА

Сардори шуъбаи тарбия – Ибрагимов Тоҳир Амоналиевич
Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, Бинои 1, ошёнаи 2, Қисми тарбия.
Тел: (+992 37) 234-88-03; (+992) 918337777
E-mail: tarbiya@dsx.tj

 

 

 


   Фаъолияти Шуъбаи тарбия барои ба донишҷӯён фаҳмонда додани моҳияти ғояи миллӣ, истиқлолият, эҳёи хусусиятҳои миллӣ, баррасӣ намудани моҳият ва аҳамияти эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳангии ниёгон, аз нав эҳё намудани урфу одати миллӣ, дарк намудани ватандорӣ ва вазифаи шаҳрвандӣ, пешгирӣ аз ақидаҳои зарарноки экстремистӣ ва таъсири ҳизбҳои ифротӣ дар байни ҷавонон равона карда шудааст.

   Дар 5 факултети донишкада ҷонишинҳои деканҳо оид ба тарбия ва эдвайзер – сарпарастон кори тарбиявиро пеш мебаранд. Онҳо дар машғулиятҳои тарбиявӣ оид ба ҳар як унсурҳои тарбия дарсҳои пурмазмун ва чорабиниҳои гуногун баргузор менамоянд.        
   Дар бахши кор бо сарпарастон ва падару модарон таҳти сарварии дотсент Ҷабборов Б. Б. Шӯрои сарпарастони донишкада фаъолият менамояд, ки дар ҳайати он устодони собиқадор: дотсент Ҳайбатов Н.В., дотсент Маҳмудова М. Ҳ., дотсент Шарипов Б., дотсент Ҷумаев У.М., дотсент Ҷумаев Б.М., устодони калон Қурбонова Г.М., Гургулиева О.Ҳ., Ҷурахонова С.Қ., Шарипова Ф.Л., ва дигарон муттаҳид гардида, барои ҳаллу фасли масъалаҳои кори тарбия кӯшиш ба харҷ медиҳанд. 
   Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шуъбаи тарбия нисбати кор бо волидайн диққати махсус зоҳир мегардад. Дар факултетҳо ҳамкорӣ бо волидайни донишҷӯён барқарор карда шуда, барои ҳал намудани масъалаҳои тарбиявӣ дар гурӯҳҳои таълимӣ падару модарон ҷалб карда мешаванд. 
 

   Ҳамзамон шӯъбаи тарбияи донишкада силсилачорабиниҳои мухталифро дар самти муқовимат бо коррупсия низ роҳандози менамояд. Дар ин ҷода корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни устодону донишҷӯён, хонандагони литсей, кормандон, волидайни донишҷуён дар шакли вохуриҳо бо кормандони мақомоти дахлдор, суҳбатҳо, соатҳои тарбиявӣ мунтазам роҳандозӣ мегардад.