ИХТИСОСҲОЕ, КИ ДОНИШКАДА АЗ РӮИ ОНҲО МУТАХАССИС ТАЙЁР МЕКУНАД:: Ба довталаб - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Ба довталаб
ИХТИСОСҲОЕ, КИ ДОНИШКАДА АЗ РӮИ ОНҲО МУТАХАССИС ТАЙЁР МЕКУНАД:

ИХТИСОСИ 1-26020102 - ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Вазифа: таҳлили фаъолияти соҳибкорӣ дар ширкатҳои гуногуни сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ, самаранок истифода намудани захираҳои молиявии ширкатҳо, таъмини амнияти иқтисодии онҳо.
Ҷойи кор: ширкатҳои хизматрасонӣ, фаъолиятҳои гуногуни соҳибкории байналмилалӣ, машваратӣ, миёнаравӣ, корхонаҳои фароғатӣ, индустрияи сайёҳии байналмилалӣ, шӯъбаҳои раводиддиҳии Вазорати корҳои хориҷӣ, марказҳои ахборотии байналмилалӣ.

 

ИХТИСОСИ 1-26020102 - ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР КОРХОНА
Вазифа: ташкили фаъолияти соҳибкорӣ дар корхона, идоракунии фаъолияти соҳибкорӣ, идоракунии иқтисодиёти корхона.
Ҷойи кор: корхонаҳои хурду миёна, ширкатҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ, корхонаҳои муштарак.

 

ИХТИСОСИ 1-26020104 - ТАЪМИНОТИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР
КОРХОНАИ ХУРДУ МИЁНА

Вазифа: таъмини ҳуқуқии фаъолияти иқтисодӣ, ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, идоракунии ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти иқтисодии беруна, идоракунии кормандон.
Ҷойи кор: корхонаҳои хурду миёна, ширкату ташкилотҳои саноатӣ, сохтмонӣ, нақлиётӣ, хоҷагии қишлоқ, дар соҳаи туризм ва илм

 

ИХТИСОСИ 1-25010711  - ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРА ДАР КОРХОНАИ САНОАТӢ
Вазифа: идоракунии  даромаду хароҷоти корхонаҳои саноатӣ барои ташкили фаъолияти самараноки иқтисодии он.
Ҷойи кор: корхонаҳои саноатӣ,  корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ, палатаи савдо ва саноат, ширкатҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои муштарак.

 

ИХТИСОСИ 1-25010728 - ИҚТИСОД ВА ИДОРА ДАР КОРХОНАҲОИ ХУРДУ МИЁНА
Вазифа: идоракунии корхонаҳои хурду миёна, такмили фаъолияти иқтисодии корхонаҳои хурду миёна.
Ҷойи кор: корхонаҳои хурду миёна, ширкатҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ, корхонаҳои муштарак.

 

ИХТИСОСИ 1-26.02.01.01  -  «БИЗНЕС-МАЪМУРИЯТЧИГӢ ДАР СОҲАИ ИСТЕҲСОЛОТ  ВА ХИЗМАТ»
Вазифа: таъмини идоракунии самараноки ширкатҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ(бизнес), иштирок дар ташкили фаъолияти идоракунии ширкат (менеҷмент), такмили раванди идоракунӣ..
Ҷойи кор: корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва молиявӣ, бизнес-сохторҳо, соҳаҳои  иттилоот, сайёҳӣ, алоқа, суғурта ва ғ.

 

ИХТИСОСИ 1 – 26 020210  - МЕНЕҶМЕНТ ДАР СОҲАИ САЙЁҲИИ
БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Вазифа: ташкили идоракунии фаъолияти ширкатҳои туристӣ дар арсаи байналмилалӣ, самаранок истифода намудани захираҳои молиявии ширкатҳо, таъмини амнияти иқтисодии онҳо.
Ҷойи кор: ширкатҳои сайёҳии байналмилалӣ, ширкатҳои хизматрасонии маишӣ, меҳмонхонаҳо.

 

ИХТИСОСИ 1-26020312  - МАРКЕТИНГ
Вазифа: омӯзишу таҳлили бозор бо мақсади таъмин намудани фаъолияти самарабахш ва фоиданоки корхона дар шароити рақобати бозорӣ мебошад.
Ҷойи кор: корхонаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, хизматрасонӣ, энергетика, соҳаҳои  иттилоот, сайёҳӣ, алоқа, суғурта ва ғ.

 

ИХТИСОСИ 1- 89010101-   САЙЁҲАТ ВА МЕҲМОНДОРӢ
Вазифа: коркард ва фурӯши маҳсулоти туристӣ, ташкили хизматрасонии туристӣ дар ширкатҳои туристӣ ва бизнеси меҳмонхонавӣ
Ҷойи кор: ширкатҳои туристӣ, меҳмонхонаҳо, корхонаҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои фароғатӣ, индустрияи сайёҳии байналмилалӣ

 

ИХТИСОСИ 1- 89010102 – ФАЪОЛИЯТИ МЕҲМОНХОНАВӢ
Вазифа: ташкили хизматрасонии меҳмонхонавӣ, ширкат дар ҳалли масоили ташкилӣ-стратегии комплекси меҳмонхонавӣ, назорати сифати хизматрасонӣ.
Ҷойи кор: меҳмонхонаҳо, корхонаҳои хизматрасонии маишӣ, ширкатҳои туристӣ.

 

ИХТИСОСИ 1-26.01.01.00 - «ИДОРАИ ДАВЛАТӢ»
Вазифа: таъмини идоракунии самараноки муассисаҳои давлатӣ, ташкил ва амалисозии низоми идоракунии давлатӣ мебошад.
Ҷойи кор: ташкилоту корхонаҳои  давлатӣ, тиҷоратӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои идоракунии давлатӣ;

 

ИХТИСОСИ 1-26.01.01.01 - «ИДОРАКУНИИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛӢ»
Вазифа: таъмини раванди идоракунии мақомоти маҳаллӣ, муҳайё сохтани шароити хуби идоракунӣ ва сатҳи баланди рушди идоракунӣ мебошад.
Ҷойи кор: мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, хадамоти давлатии назоратии соҳаҳои гуногун.


ИХТИСОСИ 1-25010301-ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН
Вазифа: ташкили муносибатҳои иқтисодии байналмилалии иқтисодии муассисаву ташкилотҳо.
Ҷойи кор: вазорату идораҳои давлатӣ, сохторҳои ғайридавлатӣ,  палатаи савдо ва саноат, ширкатҳои истеҳсолӣ, бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, корхонаҳои муштарак, ширкатҳои суғуртавӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар муассисаҳое, ки барои гузаронидани ягон намуди фаъолияти иқтисодии беруна махсус гардонида шудаанд.

 

ИХТИСОСИ 1-25.01.08.01 - «БАҲИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРӢ, ТАҲЛИЛ ВА АУДИТ 
ДАР БОНКҲО» 

Вазифа: ташкили корҳои баҳисобгирӣ-амалиётӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ва муассисаҳои молиявӣ, баҳисобгирии қарзҳои байнибонкӣ, баҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ тавассути супоришномаи пулӣ, баҳисобгирии таҳлилӣ дар муассисаҳои бонкӣ мебошад.
Ҷои кор: бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ва муассисаҳои молиявӣ ва ғ.

 

ИХТИСОСИ 1-25.01.08.05 - «БАҲИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРӢ, ТАҲЛИЛ ВА АУДИТ
ДАР САНОАТ»

Вазифа: таъмини идоракунии фаъолияти молиявии корхонаҳои саноатӣ, ширкат дар ташкил ва амалисозии низоми идоракунии хароҷотҳо ва арзиши аслии молу маҳсулот (кор, хизматрасонӣ), такмили низоми муҳосибӣ дар корхонаҳои саноатӣ мебошад. 
Ҷои кор: корхонаҳои саноатӣ, ташкилоту корхонаҳои  давлатӣ ва тиҷоратӣ.

 

ИХТИСОСИ 1-40010104 – БЕХАТАРИИ ИТТИЛООТӢ
Вазифа: ҳимояи комплексии иттилоот, ҳалли масъалаҳои таъмини бехатарию ҳифзи маълумот бо истифода аз воситаҳои барномавӣ-техникӣ ва усулҳои идоракунӣ.
Ҷойи кор: мақомоти идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, муассисаҳои молиявию қарзӣ, ташкилоту муассисаҳои махсуси давлатӣ оид ба бехатарӣ, мақомоти қудратӣ.

 

ИХТИСОСИ 1-40010108 – МУҲАНДИСИИ БАРНОМАСОЗӢ
Вазифа: коркарди системаҳои нави барномавӣ-информатсионӣ.
Ҷойи кор: муассисаю корхонаҳо оид ба коркард ва тадбиқи барномаҳои компютерӣ, инчунин шуъбаҳои компютерии корхонаҳои гуногун. Мутахассисони ин соҳа дар ҳама гуна корхонаҳо – давлатӣ, тиҷоратӣ ва қудратӣ фаъолият карда метавонанд.

 

ИХТИСОСИ 1-40010202 - «ТЕХНОЛОГИЯ ВА НИЗОМИ ИТТИЛООТӢ 
ДАР ИҚТИСОДИЁТ»

Вазифа: ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва идоракунӣ дар ташкилоту корхонаҳо, вазоратҳо, бонкҳо ва соҳаҳои маориф бо истифода аз технологияҳои информатсионии муосир.
 Ҷойи кор: шуъбаҳои компютерӣ ва дигар сохторҳои иқтисодии корхонаҳо, бонкҳо, корхонаҳои саноатӣ, нақлиётӣ, молиявӣ ва дигар ташкилотҳое, ки техникаи компютериро истифода мебаранд. 

 

ИХТИСОСИ 1-25010402 – КОРИ БОНКӢ
Вазифа: ташкили кор дар бонкҳои тиҷоративу давлатӣ, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ва муассисаҳои молиявӣ, амалиётҳои таҳлилӣ дар муассисаҳои бонкӣ мебошад.
Ҷойи кор: бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои хурди қарзӣ ва молиявӣ, ташкилотҳои депозитӣ

 

ИХТИСОСИ 1-25010403 -  «АНДОЗ ВА АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТИ
СОҲИБКОРӢ»

Вазифа: ҷамъоварӣ, тартиби ҳисоб кардан ва пардохт намудани андозҳо дар мақомоти андоз ва дигар корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият.
Ҷойи кор: корхонаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, хизматрасонӣ, энергетика, соҳаҳои  иттилоот, сайёҳӣ, алоқа, суғурта ва ғ. новобаста аз шакли моликият.

 

ИХТИСОСИ 1-25010407 -  «МОЛИЯ ВА ҚАРЗ ДАР ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ»
Вазифа: таъмини самараноки масоили молиявӣ ва қарзии ширкатҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии давлативу хусусӣ, такмили механизмҳои молиявӣ-қарзӣ  мебошад. 
Ҷойи кор: мақомоти молия, хадамоти маишӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои молиявӣ, корхонаҳои саноатӣ, кумитаву ташкилотҳои давлатӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷӣ. 


ИХТИСОСИ 96010101 – ТАЪМИНОТИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ
Вазифа: ташкил ва таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ, таъмин ва амалисозии назорат ва тафтиши гумрукӣ.
Ҷойи кор: хадамоти гумрук ва сохторҳои таркибии он, ташкилотҳои тиҷоратии шаклҳои гуногуни ташкилӣ-ҳуқуқӣ. 

 

ИХТИСОСИ 1-96010102 – ТАЪМИНОТИ ИҚТИСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ
ГУМРУКӢ

Вазифа: ташкил ва таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ, таъмин ва амалисозии назорат ва тафтиши гумрукӣ.
Ҷойи кор: хадамоти гумрук ва сохторҳои таркибии он.