Эълон!!! конференсияи илмӣ- назариявии анъанавии магистрантон ва донишҷӯён дар мавзӯи “Масъалаҳои татбиқи илм дар рушди иқтисоди миллӣ”: Эълонҳо - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Эълонҳо
Эълон!!! конференсияи илмӣ- назариявии анъанавии магистрантон ва донишҷӯён дар мавзӯи “Масъалаҳои татбиқи илм дар рушди иқтисоди миллӣ”

   Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- назариявии  анъанавии магистрантон ва донишҷӯёни донишкадаро вобаста ба санаҳои таърихии эҳёнамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар чорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амал «“Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”  ва «“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” соли 2018” дар мавзӯи “Масъалаҳои татбиқи илм дар рушди иқтисоди миллӣ”, санаи 20 апрели соли 2018, доир менамояд.

   Ба конференсияи мазкур магистрантон ва донишҷӯён, ташкилотҳои байналхалқӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.