Ғолибият муборак! Донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 89010101-Саёҳат ва меҳмондорӣ-Бобоҷонов Диловар дар номинатсияи рӯнамоии беҳтарини объектҳои сайёҳӣ, ки дар доираи Форуми якуми сайёҳии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии: Эълонҳо - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Эълонҳо
Ғолибият муборак! Донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 89010101-Саёҳат ва меҳмондорӣ-Бобоҷонов Диловар дар номинатсияи рӯнамоии беҳтарини объектҳои сайёҳӣ, ки дар доираи Форуми якуми сайёҳии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии

Ғолибият муборак!

Донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 89010101-Саёҳат ва меҳмондорӣ-Бобоҷонов Диловар дар номинатсияи рӯнамоии беҳтарини объектҳои сайёҳӣ, ки дар доираи Форуми якуми сайёҳии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 09 ноябри соли 2018 доир гардид, дар мавзӯи «Гармчашма –дурдонаи Тоҷикистон» рӯнамои (презентация) худро бо забони англисӣ пешниҳод намуд.

Ҳайати ҳакамон ва иштирокдорони ҷаласаи бахши «Рӯнамоии объектҳои сайёҳии Тоҷикистон» дар доираи Форум мавзӯи ба номинатсия пешниҳоднамудаи Бобоҷонов Диловар ва тартиби пешниҳоди ин рунамоиро навгонӣ дар пешниҳоди рӯнамоиҳо арзёбӣ намуда, ба ӯ ҷои дуюмро сазовор донистанд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ин ғолибиятро ба Бобоҷонов Диловар самимона табрик менамоянд.