РЕКТОРИ ДОНИШКАДА
РЕКТОРИ ДОНИШКАДА

Қодирзода Диловар Баҳридин - ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005), Корманди ифтихории таҳсилоти касбии олии ФР» (2011).


     Қодирзода Диловар Баҳридин 29 январи соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, соли 1989 факултаи банақшагирӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси банақшагирии хоҷагии халқ, бо дипломи аъло хатм кардааст.
    Қодирзода Д.Б. фаъолияти меҳнатии худро аз ассистенти кафедраи "Ба нақшагирии хоҷагии халқ"- и Донишгоҳ (солҳои 1989-1991) оғоз намуда, сипас солҳои 1991-2000 аввал аспирант, сипас дар вазифаҳои ассистент, дотсент, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Иқтисоди миллӣ», ҷонишини декан оид ба таълими факултети иқтисод ва идора фаъолият намудааст. Соли 1998 ӯ рисолаи номзадиашро дар мавзӯи "Муносибатҳои иҷтимоӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ" дифоъ намуд.
    Профессор Қодирзода Д.Б. солҳои 2004-2006 дар вазифаҳои дотсент, профессори кафедраи «Иқтисоди миллӣ», иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Иқтисод ва идораи КАС»-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият намуд. Солҳои 2006-2011 ӯ дар Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон дар вазифаҳои профессор, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Назарияи иқтисодӣ», мудири ҳамин кафедра ва аз моҳи феврали соли 2011 то моҳи майи соли 2012 дар вазифаи декани факултаи иқтисодӣ фаъолият кардааст.
    Профессор Қодирзода Д.Б. мунтазам ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва методӣ машғул гардида, соли 2003 рисолаи доктории худро дар мавзӯи "Ташкил ва механизми танзими даромадҳои аҳолӣ дар низоми омилҳои баландбардории некӯаҳволии ҷомеа" дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Воронежи Федератсияи Россия дифоъ намуд.
    Корҳои илмию методии профессор Қодирзода Д.Б. аз ҷумлаи "Иқтисоди бозорӣ ва сиёсати иҷтимоии давлат" (с. 1999), "Даромадҳои аҳолӣ: табиати иқтисодӣ, ташкил ва тақсимот" (с. 2002), "Механизми танзими даромадҳои аҳолӣ" (с. 2003), "Иқтисоди бозори меҳнат" (с. 2010), "Некӯаҳволии аҳолӣ: назария ва роҳҳои баландбардорӣ" (с. 2015), ба масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоии ҷомеа бахшида шудаанд.
     Қодирзода Диловар Баҳридин дар тули фаъолияти хеш зиёда аз 150 асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дастурҳои таълимӣ чоп намуда, таҳти роҳбарии ӯ 14 нафар шогирдонаш рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд.
    Барои хизматҳои софдилонааш дар соҳаи инкишофи илмҳои иқтисодӣ ӯ бо ифтихорномаҳои Вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2013), сафоратхонаи Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2011), унвонҳои фахрии "Аълочии маорифи Тоҷикистон" (с. 2005) ва "Корманди фахрии маълумоти олии касбии Федератсияи Россия" (с. 2011) сарфароз гардидааст. Соли 2007 узви вобастаи Академияи меҳнат ва шуғли Федератсияи Россия интихоб гардидааст.
    Фаъолияти ташкилотчигӣ ва илмӣ-омӯзгории Д.Б. Қодирзодаро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2012 ӯро ба вазифаи ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд.
    Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 августи соли 2014, № 245 бо Ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шуд.