Кафедраи фарханги сохибкори ва забон - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ФАРҲАНГИ СОҲИБКОРӢ ВА ЗАБОН

Мудири  кафедраи: Ҳайдаров Авсамад Алифбекович - номзади илмҳои  педагогӣ дотсент
Барои тамос: 734055, ш.Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 2, утоқи 41.
Тел.: (992 37) 234-88-03
Email: Avsamad@Bk.ru

 

 


 

   Кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забон яке  аз  нахустин ва  бонуфузтарин кафедраҳои донишкада  маҳсуб мегардад. Кафедраи мазкур бо таъсиси     донишкада (1991) ташкил гардида, дар бунёд ва  рушду такомули он ҳиссагузор аст. Устодони кафедра ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини кор дар таҳриру  тақрир ва мураттаб намудани ҳуҷҷату аснод, шиорҳо, навиштаҷоти муҳим, интихоби  гуфторҳои бузургон баҳри муҷаҳҳаз   намудани донишкадаи навташкил саҳми арзанда доштанд ва доранд. Соли аввали таъсис дар ҳайати кафедра панҷ нафар олимони варзидаю собиқадор  адои вазифа менамуданд. Дар тўли  24     соли мавҷудият кафедра тадриҷан вусъат ёфта, соли 1993 аз дохили он кафедраи забони англисӣ қисмат карда шуд. Соли 2002 кафедраи «Ҷомеашиносӣ» аз таркиби он таъсис дода шуд. Табиист, ки ағлаби устодони варзида ва собиқадори ин кафедраҳо: амсоли профессор  Намоз Ҳотамов, дотсентон: Шариф Ҷабборов, Нормат Ҳайбатов ва Низомиддин Шобиддинов, устодон: Файзалӣ Сабзалиев, Маркова О. И.,    мутахассисони интихобнамуда, санҷидашудаи мо ҳастанд, ки имрӯз донишкада бо номи онҳо ифтихор дорад. Ва ин тақозои айём буд ва талаботи замон. Тадриҷан бо васеъ гардидани кафедра ва нақшаҳои таълим як силсила фунуни гуманитарӣ илова гардид.

   Аз рӯзҳои нахустини кору фаъолият бар уҳдаи устодони таҷрибадор таълиф ва мураттаб намудани барнома, нақшаҳои корӣ, дастурҳои методии навин марбут ба ҷавобгӯи ҷомеаи соҳибистиқлол вогузор гардида буд. Зеро барномаҳо ва дастурҳои пешин анқариб  ҷавобгӯӣ ҷомеаи имрӯз набуд. Ғолибан, корҳои инфиродии устодонро лозим омад, ки роҳбари кафедра супориш бидиҳад, на худи устод бигӯяд. Ин усул самараи хуб бахшид ва тӯли чанд сол дар кафедра оиди фанҳои мухталиф барномаҳои пурмазмун мураттаб ва дастури амали ҳар як устод гардид.

   Дар тӯли 24 сол аз ҳайати кафедра дотсент Нозирҷон Арабзода (Қулматов, равонаш шод бод) рисолаи докторӣ дифоӣ намуд. Барномаи фанни фалсафа ва китоби дарсии фалсафа бо қалами ӯ мутааллиқ аст.

   Яке аз ҳадафҳои асосии устодони кафедра дар амалия татбиқ намудани рукнҳои асосии Қонуни забони давлат ва миллат аст. Дар тӯли 24 сол анқариб сад фисад ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузории донишкада тарҷума гардида, суфта карда шуд. Чандин дастурҳо, васоити таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ таълиф ёфтанд.

   Алҳол дар кафедра 10 нафар устоди доимӣ: як нафар доктори илмҳои педагогӣ. 3 нафар дотсент, номзадҳои илми педагогика ва филология, 6 нафар устоди калон иҷрои вазифа  менамоянд. Олимони ҷавон Шокириён М., Амонова М. рисолаҳои  номзадиашонро ба ҳимоя  пешниҳод менамоянд. Хулоса, дар кафедра кулли устодон ба кори таълифу омӯзиш, пажӯҳиш машғул ҳастанд ва фаъолияти илмӣ - тадқиқотиро ба таълиму тарбия тавъманд медонанд.

   Аз рӯзи таъсиси кафедра дар назди ҳайати устодони он вазифа ва мақсадҳои наҷибу бузург истода буд. Самтҳои асосии кор бо устодони кафедра дар се ҷабҳа қарор дорад:

1. Таълиму тарбияи муҳассилин-чун ҷавҳари асосии пешрафти ҷомеа.

2. Марбут ба ихтисосҳои мухталифи гурӯҳҳо таълиф намудани китобҳо дарсӣ, васоити таълимӣ, методӣ ва маводҳои ёрирасони тадрис.

3. Ҷустуҷӯйҳои тоза дар тадқиқи илми пешин ва барин.

   Аъзои  кафедра зимни таълиму тарбия ва гузориши чорабиниҳои тарбиявӣ - маърифатӣ тахассусии шогирдон - соҳибкорони ояндаро басо хуб эҳсос менамоянд. Бино бар ин, таълими ҳар як фан бояд ба ҳамин  самт- бархӯрдорӣ аз фарҳанги маърифату  каломи тиҷорату бозоргонӣ сурат пазирад.

   Нақшаҳои илмию методии устодони кафедра низ аз соли нахуст ба ҳамин равия матраҳ гардида буданд.

   Марбут ба ихтисосҳо ҳар як фанни кафедра боз ба самту тамоилҳои мухталиф қисмат мешаванд. Ҳар як тахассус, хусусият ва тамоюлоти фарқкунандаи хешро дорост, ки зимни таълим ба инобат гирифта мешавад. Талаботи кафедра тақозо дорад, ки тамоили ҳар як тахассус ҳамаҷониба омӯхта, вобаста ба ихтисос ва касбу пешааш таълим дода шавад ва дар ҳамин замина маводҳои таълимӣ омода гардад.

   Дар кулли қарнҳо дар мамолики мутамаддин нахуст омӯзиши забону таъриху фарҳанг ва ислоҳи ахлоқи ҷомеа дар мадди аввал аст. Танҳо дар натиҷаи бархурдории муҳассилин аз гузаштаи худ, анъана ва урфу одат, расму маросимҳои ибратбахш ва муфид, хислатҳои хештаншиносӣ ва мардумошноӣ, раъиятпарварӣ ва инсондӯстӣ падид ояд ва ӯро ба бедории фикрӣ, ободию ҳифзи сарзамин, қадр намудани моликияти давлату ҷамъият ҳидоят намояд. Агар бархе аз ин мавзӯот бевосита дар раванди дарс таълим дода шавад, паҳлӯҳои дигари он зимни машғулиятҳои тарбиявӣ, ҷашнҳову маҳфилҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ба амал бароварда мешавад.