Кафедраи фалсафа ва таърихи сохибкори - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ФАЛСАФА ВА ТАЪРИХИ СОҲИБКОРӢ

Мудири кафедра: Ҳаитов Фирдавс Қаюмович – номзади илмҳои фалсафа, дотсент.

Барои тамос: 734055, ш.Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 4 утоқи 8.

Тел: (992) 934292476

E-mail: Кais_2007@mail.ru

 

 

 


 

   Кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ 24 октябри соли 2001 бо номи кафедраи «Ҷомеашиносӣ» таъсис ёфтааст. Аз 01 январи соли 2007 бо номи кафедраи «Таърих ва фалсафа»  ва аз 1 сентябри соли 2009 бо номи кафедраи «Фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ»   фаъолият мебарад.Солҳои авали таъсисёбӣ дар кафедра профессорон: доктори илми таърих Ҳотамов Н.Б., доктори илми фалсафа Салимов Н.С., дотсент, номзади илми фалсафа, дотсент Ҷабборов Ш.Ҷ ва   устоди калон Сабзалиев Ф.С.  кор мекарданд. Минбаъд ба ҳайати аъзоёни кафедра: соли 2002 -  профессор, доктори илми фалсафа  Мўъминҷонов Ҳ.Ҳ., дотсент, номзади илми таърих Саъдиев Ш.С., соли 2003 ассистент Бобоалиева А.Н., соли 2008 профессор, доктори илми фалсафа Ахмадов С.А., соли 2009 ассистентон Шоймардонова Н.Ҳ., Ҳоҷиев Н.Н., соли 2010 ассистент Ҳаитов Ф. К., соли 2011  дотсент, номзади илми сиёсатшиносӣ Базарова С.Ш ва устоди калон Абдусаломов А.,  соли 2012 дотсент., номзади илмҳои фалсафа Атоев К ва ассистент-коромўз Якубова И.Э ,  феврали соли 2013 дотсент., номзади илмҳои фалсафа   Элбоев., феврали соли 2014 ассистент Шарипов И.И ва аз сентябри соли 2014 ассистент Чилаев Р.С ба кор қабул гардида фаъолият менамуданд.