Кафедраи хизматрасонии бонки - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
КАФЕДРАИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКӢ

Исмоилов Абдураҳим Аҳматович – мудири кафедраи хизматрасонии бонкии факултети хизмати молиявї ва гумрук,

Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои таълимии№ 2, утоқи №40.
Тел.: 907755655
E-mail: a_ismoilov@mail.ru

 

 


 

 Кафедраи хизматрасонии бонкӣ дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, суратмаљлиси 11/3.4 аз 23 июни соли 2010 таъсис ёфта,  аз 1 сентябри соли 2010 ба фаъолият оғоз намудааст.

Кафедраи хизматрасонии бонкӣ мутахассисони маълумоти олидорро барои ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи ихтисоси 1-25010402 -«Кори бонкӣ» дар ду зинаи таҳсилоти олӣ  - бакалавр ва магистр омода менамояд. Дар тӯли 8 соли фаъолияти кафедраи хизматрасонии бонкӣ ихтисоси “Кори бонкӣ"-ро зиёда аз 450 нафар хатм намудаанд.

Хатмкунандагони ихтисоси 1-25010402 – “Кори бонкӣ” дар ташкилотҳои хурди қарзӣ, дар раёсатҳои молиявӣ ва амалиёти асъорӣ-қарзӣ, идораҳои амалиёт бо коғазҳои қиматноки бонкҳои тиљоратию давлатӣ кору фаъолият карда метавонанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳайати кории аксари ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро хатмкунандагони кафедра ташкил мекунанд.

Раванди таълим дар кафедра дар асоси хусусиятҳои бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва суғуртавӣ, сегментҳои он бо назардошти талаботи муносибатҳои бозорӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон устодони кафедра аз рӯи зиёда 20 фанни таълими дарс мегузаран6д, ки ҳамаи онҳо бо силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, матни лексияҳо ва васоитҳои айёнӣ таъмин мебошанд. Дар баробари ин, маводҳои зарурии таълимь вобаста ба талаботи замон пайваста мавриди таҷдид қарор мегиранд.

Фанҳое, ки аз тарафи устодони кафедра дарс дода мешаванд, ҳамчун ҷузъи ҳатмии стандарти давлатии таълим дар макотиби олӣ баромад мекунанд. Ҳамзамон ин фанҳо барои омодакунии мутахассисони дипломдори тахассусҳои гуногун, аз он ҷумла мутахасиссони соҳаи бонкдорӣ мутобиқат карда, ба талаботҳои муосири макотиби олӣ ҷавобгӯй мебошанд.

Кафедраи хизматрасонии бонкӣ барои дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Аз љиҳати ҳайати кадрӣ ва таъминоти моддӣ-техникӣ кафедра хуб таъмин мебошад. Дар назди кафедра 4 синфхонаи методӣ мебошад, ки онҳо бо тахтаҳои электронӣ, аёниятҳо ва проектор муљаҳҳаз мебошанд.

Кафедраи хизматрасонии бонки робитаҳои судмандро бо ташкилотҳои қарзии ватанӣ ба роҳ мондааст, ки ин ба талаботҳои Стандарти давлатии таълим нисбати сифат ва сатҳи омодакунии мутахасиссон ҷавобгӯй мебошад. Ҳамкориҳои судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон, марказҳои таълимии ташкилотҳои қарзӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ ба роҳ монда шудаанд.

 Барои баландбардории раванди таълим шаклҳои гуногуни ҳамкориҳо бароҳ монда шудаанд, аз он ҷумла: бо ташкилотҳои қарзӣ шартнома доир ба гузаштани таҷрибаомӯзиҳои истеҳсоли баста шудаанд; мутахассисони бонкҳо дар конфронсу мизҳои муддавари аз тарафи кафедра гузарондашаванда фаъолона иштирок менамоянд ва ғайраҳо.