Факултети технологияхои информатсиони - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ

Декани факултет: Ҷумаев Уктам Мирзоёрович
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 1, ошёнаи 2. 
Тел.:  +992 934 888 777
E-mail: fti@dsx.tj

 


 

Факултети технологияҳои информат-сионӣ (ФТИ) моҳи августи соли 2011 таъсис дода шудааст ва дар замони муосир яке аз сохторҳои мунтазам ва бо суръат рушдёфтаистодаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мебошад.

Вазифаи асосии факултет – барои ҷумҳурӣ тарбия ва тайёр намудани насли нави мутахассисони олимаълумот ва аз ҷиҳати касбият ҳаматарафа тарбиятёфта мебошад, ки вобаста ба талаботи замон ҳамчун мутахассисони пешбар қобилияти ҳалли муаммоҳои муосирро доранд. ФТИ дар ҳайати худ 2 кафедраи тахассусӣ дорад:

      1.  «Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт»
      2.   «Менеҷмент ва маркетинг»

Дар факултет дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона зиёда аз 400 донишҷӯён аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа таҳсил доранд, ҳайати профессорону устодон 16 нафарро ташкил дода, аз онҳо 1 нафар доктори илм ва 5 нафарашон дараҷаи номзади илм доранд. Алҳол тайёр намудани мутахассисон аз рӯи чор ихтисос ба роҳ монда шудааст:

      400102.02 - Технология ва низомҳои итилоотӣ дар иқтисодиёт
      400101.04 – Бехатарии иттилоотӣ
      400101.08 – Муҳандисии барномасозӣ
      260203.00  - Маркетинг

      260202.00  - Менеҷмент

      260201.06  - Идоракунии зидди бӯҳронӣ

   Дар давоми таҳсил донишҷӯён тайёрии фундаменталиро доир ба технологияҳои компютерӣ, математика, иқтисодиёт ва маркетинг ба даст меоранд.

   Таълим дар лабораторияҳои махсус, ки бо техникаи замонавии компютерӣ ва дигар таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд ва дар тамоми биноҳои таълимии донишкада ҷойгиранд, гузаронида мешавад. Устодон дар кори худ аз технологияҳои муосири интернетӣ истифода мебаранд. Инчунин дар факултет тамоми шароитҳо барои фаъолияти илмӣ ва эҷодкории донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Дар факултет тайёр намудани мутахассисон аз рӯи низоми бисёрзинагӣ – бакалавриат (4 сол), магистратура (2 сол) ба роҳ монда шудааст.