Факултети бахисобгирии муҳосибӣ ва сайёҳӣ - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ БАҲИСОБГИРӢ МУҲОСИБӢ ВА САЙЁҲИ

Қодирова Гулмо Толибовна
Декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Тел.: 934066868 
E-mail: gulmo.kodirova@mail.ru

,

 


 

   Факултет бо фармони ректори донишкада таҳти рақами №80/И аз 29.08.2011 ҳамчун факултети ҳисобдорӣ ва идоракунӣ таъсис дода шуда,  1-уми сентябри соли 2012 ба факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ тағйири ном кардааст.
   Дар давраи фаъолияти худ факултет сратегияи амиқи тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаҳои муҳосибот (ҳисобдорӣ), идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, фаъолияти молиявӣ, ҳисоби бухгалтерӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва ғайраҳо муташаккилона кор бурда истодааст. Талабот ба мутахассисони соҳаҳои зикргардида мунтазам афзоиш ёфта истодааст ва ин ҳолат зарурати пайваста ба дастовардҳои муосири бозорӣ дар ҷаҳон мутобиқ сохтани раванди таҳсилотро ба миён меорад.
   Дар айни ҳол ба факултет ду кафедраи тахассусӣ ва як кафедраи илмҳои гуманитарӣ ва ҷамиятӣ шомиланд:
1.   Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
2.   Кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ
3.   Кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ.
   Аз ҷиҳати таъминоти кадрӣ факултети баҳисобгирӣ-баҳисобгирӣ дар байни факултетҳои донишкада мавқеи хоса дорад, зеро аз 30 нафар кормандони илмӣ-педагогӣ 3 нафарашон докторони илм, профессор, 15 нафарашон номзадҳои илм, дотсент мебошанд, ки ин 60%-и ҳайати умумии устодони доимиро ташкил медиҳад.