Факултети хизмати молияви ва гумрук - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
ФАКУЛТЕТИ ХИЗМАТИ МОЛИЯВӢ ВА ГУМРУК

Декани факултет: Ойев Насимҷон Абдулмуминович - номзади илмҳои иқтисодӣ

Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 2, утоқи 29, ошёнаи 3. 

Тел.:  234-88-24

E-mail: fxmg@dsx.tj

 

 


 

ФАКУЛТЕТИ ХИЗМАТИ МОЛИЯВӢ ВА ГУМРУК - яке аз сохторҳои таркибии донишкада мебошад, ки дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос барои бозорҳои молия, суғурта ва қоғазҳои қиматнок, фаъолияти бонкӣ, нозироти андоз ва гумрук саҳми назаррас дорад. Дар факултет ҳамасола шумораи зиёди мутахассисон дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура омода карда мешаванд.

Раванди таълим дар факултети хизмати молиявӣ ва гумрук дар асоси хусусиятҳои бозори молия, сегментҳои он, фондҳои молиявӣ ва муассисаҳои молиявии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои бонкӣ, суғуртавӣ, хадамоти гумрукӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар факултети хизмати молиявӣ ва гумрук 5 кафедра фаъолият менамоянд:

      

 

  Кафедраҳои тахассусӣ:

-кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ;

- кафедраи хизматрасонии бонкӣ;

-кафедраи гумрук ва муқовимат бо коррупсия.

        Кафедраҳои ёрирасон:

- кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забон»;

- кафедраи забонҳои хориҷӣ.

ТАЪМИНОТИ МОДДӢ ВА КАДРИИ  факултети хизмати молиявӣ ва гумрук бо тамоми шароитҳои моддӣ-техникии таълим муҷаҳҳаз буда, шароити таълиму тадрис тибқи талаботи замон ба роҳ монда шудааст.

Факултет дорои 36 синфхонаи таълимӣ иборат аз 900 ҷойи нишаст,   14 кабинети фаннӣ, 2 синфхонаи лингафонӣ, 1 лабораторияи гумрукӣ, 16 адад проектор, 13 адад  тахтаи  электронӣ,  26 адад компютерҳои фардӣ,  24 адад ноутбук буда, аксари дарсҳо бо истифода аз технологияҳои муосир гузаронида мешаванд.

 Ҳайати профессорону омӯзгорони доимии факултет аз 56 нафар иборат аст, ки аз он 2  нафар доктори илм, профессор, 17 нафар номзади илм, дотсент,  18 нафар омӯзгори калон ва 19  нафар ассистент мебошанд.